Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лаҳзае пас ӯ паси дарре, ки дар болояш рақами 21 навишта шуда буд, нафасашро рост намуда, сипас оҳиста ба дар ангушт зад ва чун овози нафари аз дохил бударо шунид, дарро кушод.
Нафари дар паси миз нишаста даъватномаро аз дасти ҷавонзан гирифта, ӯро ба нишастан ҳидоят намуд. Чун Зулайхо ба курсӣ нишаст, фазои дафтари кориро муддате хомӯшӣ фаро гирифт...
Бечора ҷавонзан дар ғурбат чор танга кор карда, аз нофаҳмии қонун онро ба кадом як гурӯҳи ҷинояткоре барои ёфтани қотили амакаш ваъда намудааст, бехабар аз он ки як идораи калони давлатӣ аз пайи ҳамин кор аст. Аҷаб нест, ки Хуморов қотилро пеш аз мо ошкор насозад, вале ба ӯ чӣ хел ҷазо таъин мекунад. Ё “мири олами ҷиноӣ” ба дасту пойи қотил кишан зада, ӯро оварда, пеши пойи ҳамин ҷавонзан мепартояд? Наход ин духтари резапайкар надонад, ки хунро бо хун намешӯянд. Пас агар чунин аст, эҳтимолияти бештаре дар амалҳои Хуморов он аст, ки ӯ худ гуноҳи қотилро дайн намуда, бо далелҳои шайъӣ вайро ба мақомоти тафтишотӣ месупорад ва бо ин васила дар таҷрибаи корҳои ҷустуҷӯӣ саҳфаи наверо бо зерноми “детективи хусусӣ” боз хоҳад кард.
Дар замоне, ки нафари дар сари мизи кори нишаста дар бораи ӯ ва амалҳои соддалавҳонааш андеша дошт, Зулайхо низ дар маҷрои пуртуғёни зиндагӣ нисбат ба ҳомии қонуни дар муқобилаш чун девори бузурги Чин истода андеша намуд.
Агар ман дар мақомоти милиса вазифае медоштам, ҳеҷ гоҳ чунин як ландаҳурро ба кор намегирифтам. Ба гумонам, ин кас худаш ҳам дар интихоби касб ба хато роҳ додааст.
Барои чунин нафарон аз деҳқонӣ дида касби беҳтареро ёфтан ба гумон. Бо чунин дасту бозу агар каландро ба даст бигирад, кӯҳро талқон мекунад...
-Медонед, чаро мо шуморо дубора ба коргоҳамон ҷеғ задем? - хомӯширо вайрон намуда пурсид он марди паҳлавонсурат.
-Эҳтимол дар бораи ҳодисаи ба сари худораҳматии амакам омада пурсиданӣ бошед?

пешина
аз 441
навбатӣ