Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Дар ин бора аллакай нишондоди шуморо дар даст дорем ва ба гумон аст, ки шумо низ ба нишондоди аввалаатон иловае дошта бошед.

  • Худаш ҳам ҳамин хел аст ва сабаби чунин даъвати ногаҳониро ҳам нафаҳмидам.
    -Ҳарчанд давлати соҳибиқлоли тоҷикон ҷавон аст, вале мақомоти қудратии он, аз ҷумла милиса, таърихи беш аз 80 - сола дорад, ки чун пири хирад то кунун дар муқобили олами ҷиноӣ сари по рост аст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳастанд ҳолатҳое, ки бархе аз ҷиноятҳо ошкорнашуда ва ҷинояткорон бе ҷазо мемонанд. Ҳодисаи ба сари амаки шумо омадаро мо ба ин гурӯҳи ҷиноятҳо дохил карданӣ нестем ва шуморо бовар мекунонам, ки онро ошкор хоҳем кард ва ҷинояткор ё ҷинояткорон мувофиқи қонун ҷазо хоҳанд гирифт. Назорат аз рӯйи чунин ҷиноятҳо, ки ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин дохил мешаванд, ниҳоят сахт аст ва мавриди таваҷҷуҳи мақомотҳои болоӣ қарор дорад. Аз ҳодисаи ба сари амаки шумо омада ҳамагӣ дувоздаҳ рӯз гузаштааст ва тайи ин муддат гурӯҳи корӣ чанд маротиба аз натиҷаи кори хеш дар назди мақомотҳои болоӣ ҳисобот доданд. Инро на ба он хотире гуфта истодаам, ки худ ва коргоҳи хешро сафед намоям, балки мехоҳам шуморо бовар кунонам, ки амалиётҳои мо дар самти корҳои ҷустуҷӯӣ на ба он дараҷае дӯлоб ҳастанд, ки шумо гумон доред.
    -Магар аз боварии ман ягон суде ҳаст?
    -Аниқашро гуфта наметавонам, вале аз ин ба кисаи шумо зиёне намерасад.
    -Ана акнун мақсади шуморо фаҳмидам.
    -Мо донистан мехоҳем, ки ба ҷуз милиса боз киро барои муайян кардани шахсияти қотил сафарбар намудаед?
    -Агар ман нагӯям-чӣ?
    -Чунин амал танҳо бар зарари худи шумост.
    -Барои муайян намудани шахсияти қотил ман ба ҳама қурбонӣ тайёрам.
    -Мо мефаҳмем, ки ғаму андӯҳи шуморо ҳисобаш нест, вале ман донистан мехоҳам, ки рафту агар нафаре, ки ба ивази маблағ шахсияти қотили амакатонро муайян намудаву ба шумо хабар дод, бо гунаҳкор чӣ хел ҷазоро раво мебинед?
пешина
аз 441
навбатӣ