Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ҳоло дар ин бора фикр накардаам.
-Ана дидед. Дар ин ҷо масъалаи дарёфти қотил дар мадди аввал истад ҳам, масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ ноаён мемонад. Ҳатто агар нафарони ба ин кор сафарбарнамудаи шумо ӯро дастгир намоянд, ба вай ҷазо дода наметавонанд, чунки онҳо ҳам чунин ваколат надоранд.
Охири охирон онҳо метавонанд ӯро оварда, ба милиса супоранд, чунки онҳо нисбат ба вай амали дигареро анҷом дода наметавонанд ва ман гумон мекунам, ки чунин ҳам мешавад ва ҳамаи ин бо нархи гароне ба шумо даст хоҳад дод, ҳол он ки чунин амалро бе ягон сарфи маблағ ҳам аз тарафи ваколатдорони давлат, яъне мақомоти тафтишотӣ амалӣ кардан мумкин аст.
-Охир дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон чунин таҷрибаи корӣ ҳаст ё шумо онро инкор мекунед?
-Инкор намекунам, вале чунин амалҳо дар мамлакатҳои гуфтаатон дар доираи қонунҳои амалкунандаи ҳамон давлат ба роҳ монда шудааст, вале дар қонунҳои амалкунандаи мо то кунун чунин ҳаракатҳо ба тавсиб расонда нашудааст.
Ёдрас мешавам, амале, ки дар қонун нест, иҷрояш баробари пой гузоштан болои қонун аст ва барои чунин худсариҳо ҷазо пешбинӣ шудааст. Инсон шири хомхӯрда гуфтаанд ва Худо накардаву амале, ки шумо бархилофи қонун ба нақша гирифтаед, бо фоҷиа анҷомад-чӣ?
-Чӣ хел бо фоҷиа?
-Дар корҳои ҷустуҷӯӣ ҳама ҳодиса шуданаш мумкин аст ва рафту дар нисбати нафаре, ки шумо барои муайян намудани шахсияташ гурӯҳи ҷиноятпешаеро сафарбар намудаед, ҳангоми дастгир намуданаш ҳодисае рух диҳад, шуморо низ ҳамчун ҳамиштирокчӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ мекашанд.
-Чаро маро?
-Чунки бархилофи қонунҳои амалкунанда аз хизмати нафароне истифода бурдаед, ки мутасаддии чунин амалҳо нестанд, - гуфт Тоҳир Солеҳ ва чашм ба рӯйи мусоҳибаш дӯхт, ки нигоҳаш маънии саволи” ба инаш чӣ мегӯед?” - гуфтанро дошт.

пешина
аз 441
навбатӣ