Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ба фикрам, ман аллакай мазаро аз қайла гузаронидам, - гуфт Зулайхо ва нигоҳашро ба фарш дӯхт.
-Чӣ хел?
-Дар нимаи аввали рӯз ман бо он кас вохӯрда, сари ҳамин масъала суҳбат доштам.
-Ному насабаш?
-Гӯё ки намедонед.
-Донистани мо дар ин ҷода нақшеро намебозад, чунки на мо, балки шумо бо вай сари масъалаи мамнуъе ба мувофиқа омадаед, ва дар нишондоди аввалаатон барои надодан ё додани нишондоди бардурӯғ дар асоси қонун огоҳонида шудаед. Ҳарчанд ин дафъа мо дар ин бора имзои шуморо нагирифтаем, вале суҳбати навбатӣ давоми мантиқии суҳбатӣ гузашта аст. Андеша намоед!
-Дар вохӯрии имрӯза банда нуқтаи назари хешро иброз бар он доштам, ки агар онҳо то лаҳзаи парвози ман ному насаби қотилро бо далелҳои раднашаванда бароям пешниҳод нанамоянд, шартнома бе эътибор ҳисобида мешавад. Аз ҳамин лиҳоз мехостам аз гуфтани ному насаби нафари дар вохӯрӣ ҳамроҳам буда худдорӣ намоям.
-Шумо барои кадом рӯз чипта гирифтед?
-Барои рӯзи 5 ноябр.
-Ин муҳлати ниҳоят тӯлонист ва агар онҳо дар ин муддат ба дастоварде ноил шаванд, шуморо ба ҷуз пардохти маблағи ваъданамудаатон чораи дигаре намемонад. Гумон насозед, ки шумо онҳоро фиреб медиҳед.
-Чунин андеша бандаро ҳеҷ гоҳ дар сар ҳам набуд.
-Беҳтар мешуд шумо аз ҳамин лаҳза шартномаро бо нафаре, ки аз гуфтани ному насабаш худдорӣ намуда истодаед, бекор мекардед. Ёдрас мешавам, ки Гриша Хуморов на аз он нафаронест, ки шумо гумон доред. Лозим шавад, ӯ шайтонро ҳам то лаби чашма ташна бурда ташна бармегардонад.
-Модоме, ки шумо ному насаби вайро медонистед, пас чӣ лозим буд ин ҳама мушу гурбабозӣ?

пешина
аз 441
навбатӣ