Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-То шумо масъулиятеро, ки анҷомаш аён нест, ба душ нагиред. Боқӣ ихтиёр шуморост, - гуфт Тоҳир Солеҳ ва ба суҳбат нуқта гузошт...
-Вазъи кори мо на ба он дараҷае хуб аст, ки шумо гумон доред,- баробари ба курсӣ нишастани ҳарду ёвари манқурташ риштаи суханро ба даст гирифта гуфт Хуморов.
- Шеф, чӣ ҳодиса рух дод?
- Фармоишдиҳанда, ки моро барои иҷрои ин амал даъват намуда буд, аз пеш нарафтани кор дар шигифт шуда, шартномаро нияти бекор кардан дорад ва шуморо маҳз барои ҳамин даъват намудам, то сари ин масъала андеша намоем.
-Акнун чӣ мешавад?
-Мо боз дар ихтиёри хеш ҳамагӣ чоруним шабонарӯз вақт дорем ва агар тайи ҳамин муддат риштаеро аз ин муаммо ба даст оварем чӣ хуб, вагарна шартнома бе ягон гуфтушуниди иловагӣ эътибори хешро гум мекунад. Дурусттараш супоришдиҳанда худаш шартномаро бекор мекунад.
-Ҳамин хел яктарафа?
-Бале.
-Шеф, пас ин ҳама даву този мо чӣ мешавад?
-Давидему давидем, вале канӣ натиҷааш? Шартномаро бошад, фармоишдиҳанда аз ноуҳдабароии мо бекор мекунад ва мо ҳатто лом гуфта наметавонем, фаҳмо?
-Фаҳмо.
-Бисёр хуб, ки фаҳмидед. Акнун аз пайи кор шавед.
Шуморо хостам огоҳ намоям, то рӯзе нашаваду гӯед, ки аз натиҷаи шартнома хабар надоштед.
Пас аз рафтани он ду нафар Ҷамол боз назди “хоҷааш” ҳозир шуд. Рафтори пешхизмати тарабхона ҳаракатҳои сагеро мемонд, ки назди соҳибаш дум ликонда, меҳрубонии хешро иброз медорад. Дар дигар ҳолат мешуд, Хуморов барои чунин амалҳо нафрати хешро баён мекард, вале ҳозир...
Бунёди ташкилоти вай ҳамин хабаркашу косалесон буданд, вагарна кадом инсони солимақл ба афроде, ки дар сангари муқобили қонун меистад, ҳамкорӣ мекунад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё