Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Бале, модоме ки вай дод намезанад, пас марди оқил ва кори хешро медонистагӣ аст. Чунин нафаронро тарсонидан маъние надорад.
-Шумо бояд як маротиба бо вай гуфтугӯ намоед.
-Ҷамол, ту ақлатро хӯрдӣ магар?
–Оё намедонӣ аксари онҳое, ки ба “идораи” мо ҷубронпулӣ месупоранд, ҳатто кию чикора будани раисро намедонанд.
-Пас чӣ бояд кард?
-Барои ин дигарон ҳастанд, ки “паёми раисро” ба самъи соҳибмансабон мерасонанд ва агар онҳо аз шунидани “паём” изҳори нигаронӣ намуданд, идораи мо барои сар ба таъзим фурӯ овардани чунин мардони “қайсар” чораҳои иловагиро, ки характери маҷбуркунӣ дорад, ба роҳ мемонад.
-Норинҷаки дар мошини мудири хоҷагии ёрирасони вазорати об таркида низ “мукофоти” ҳамин идора аст?
-Ба харе, ки бор надорӣ, беҳтар аст корат набошад ва туро ҳамчун дӯст огоҳ мекунам, ки ҳамеша дар нисбати чунин амалҳо андешаҳоятро дар замират нигоҳ дор.
-Ман танҳо ба шумо гуфтам.
-Ҳар чӣ дар дил дорӣ, бо ман бигӯй, вале тавсия намедиҳам, ки онро дар дигар ҷой ба забон оварӣ.
-Мефаҳмам, раис.
-Бисёр хуб, ки мо ҳамдигарро фаҳмидем. Акнун ҳамон ҳодисаро ба гӯши шефат тарзе расон, ки вай худаш ба хизмати мо эҳтиёҷ доштанашро иброз намояд.
-Мекӯшам, вале аз натиҷааш чизе гуфта наметавонам.
-Ту кори худро анҷом деҳ, ба натиҷааш корат набошад.
-Рафту вай кию чӣ будани маро ошкор созад-чӣ?
-То рӯзе ту бо мо ҳамкорӣ дорӣ, касе пишакатро пишт гуфта наметавонад ва акнун аз пайи корат шав! Ҳа, дарвоқеъ, ана он ду нафари ба ин ҷо омадаистодаро ба сари ҳамин миз даъват намоед!
-Хуб шудааст, шеф.
-Шеф ман не, балки ҳамон нафарест, ки бояд ба гӯшаш суханҳои моро расонед.
-Фаҳмо.
-Рав.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё