Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Садои баландгӯяк андешаҳои Зулайхоро парешон сохт ва ӯ такяи хеш аз симтӯр бардошта, бо дили ҳазин ба тарафи вокзал ҳаракат кард...


Абдулхайр чашми рӯз накафида аз хона баромад.
-Каме сабр мекардӣ, рӯз мешуд, - гуфт ҳамсараш.

  • Рафту ягон мошин омада бошаду дер монам, имрӯз дигар рафта наметавонам.
    -Ба Каримҷон-ако саломи маро ҳам расонед, - гуфт Муҳаррам ва шавҳарро то баромадгоҳи ҳавлӣ гусел карда, ба ӯ сафари бехатарро таманно намуд.
    Абдулхайр сари роҳи калон баромад ва то нисфирӯзӣ интизор шуд, вале ягон мошин наомад ва ниҳоят соати 13, вақте ки овози муазин барои даъвати намози пешин садо дод, ӯ дидбонгоҳро тарк намуда ба хона омад...

Хуморов тариқи телефони мобилӣ боз ҳамон зердастони соате пеш дар ҳузураш бударо ба вохӯрӣ даъват намуда, вориди тарабхона шуд. Сипас, пешхизматро ҷеғ зада, дар бораи даромади тарабхона ва шефи нави он пурсон шуд.
Ҷамол (пешхизматро чунин ном буд) тайи як соли охир дар хизмати “мири олами ҷиноӣ” буд ва дар бораи ҳамаи воқеаҳои дар тарабхона рухдода ба раис “ҳисобот” медод. Ба ивази ҳамаи ин ӯ аз раис ба ҷуз аз даст надодани ҷой кораш дигар чизе талаб намекард. Ҳамчунин ӯ чун ҳама хабаркашҳои дигар аз супоридани “андоз” ба гурӯҳҳои ҷиноӣ озод буд.
-Хуш, шефи нават чӣ хел ?
-Одами тарсончак менамояд.
-Аз куҷо гирифтӣ, ки вай тарсончак аст.
-Аз он ки ӯ чун шефи аввала ба сари зердастон дод намезанад.
-Ана ҳаминаш бад аст.
-Бад аст, ки вай дод намезанад?

пешина
аз 441
навбатӣ