Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Тахминан баъди панҷ-шаш маротиба омадани Фарҳод Зулайхо ӯро ҳушдор солхт, ки агар минбаъд дар набудани Суман биёяд, дарро ба рӯяш боз нахоҳад кард ва ин каломи ба забон овардаи духтар баробари арза доштани калимаи шаҳодат ба забони шахси дунёи фониро падруд гуфта истода шуд.
-Зулайхо, ту дар ҳақиқат боварӣ дорӣ, ки ман барои хабаргирии Суман меоям.
-Албатта, охир Суман духтари холаат аст.
-Ин ҳама як баҳона аст.
-Чӣ хел баҳона?
-Ҳамин хел, элак баҳонаю дидор ғанимат, - гуфт Фарҳод ва бо як азобе канда-канда дарди дили хешро барои Зулайхо ифшо кард.
Зулайхо он рӯз дигар каломе ба забон наовард, вале аз он чӣ ки ҳамон лаҳза Фарҳодро ба ҷояш нашинонд, писархолаи Суман сукути ӯро аломати ризо пиндошта, чун кана ба вай часпид. Дар давоми як моҳи баъди ин гуфтушунид Зулайхо чӣ хел ба торҳои танидаи Фарҳод афтиданашро нафаҳмид...
Ҳарчанд Фарҳод ҷавони чорпаҳлу ва паҳлавонҷусса буд, вале чун Фарҳоди кӯҳкан набуд ва муҳаббати Ширин ҳам вайро аз роҳи бад гардонида натавонист. Чун Фарҳод умуман нияти кор кардан надошт, охири охирон Зулайхо ӯро ландаҳур гуфта муносибаташро канд. Аз баландие, ки перони вокзали роҳи оҳан чун кафи даст менамуд, духтар ба ёд овард, ки дар Маскав чанд маротиба ҳамроҳи Фарҳод ба почта рафта, ба Душанбе ба номи амакаш ба микдори сад ва дусад долларӣ фиристода буд...
Гоҳ-гоҳ Зулайхо Фарҳодро, ки баъди дуздӣ дар Черкисбозор аз Маскав фирор намуд, чун тираабре пеши назар меовард ва имрӯз бо чашми хеш ба чӣ кор машғул будани вайро дид...
Ҷавонзан фаҳмид, ки Фарҳод шуғли аз дузди бадтареро пеша намудааст ва онро ба ҷуз интиқоли маводи мухаддир , ки ҳазорон оиларо вайрон хоҳад кард, номи дигар набошад.
Радиои дохили вокзали “Роҳи Оҳан” саворшавии мусофиронро бо хатсайри Душанбе –Волгоград эълон кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё