Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд ин тамошои ӯ аз саҳнаи манзаравие беш набуд, вале амалҳои “партизании” чанд тан аз шаҳрвандон дар байни қатораҳои дар шохаҳои сеюм ва чоруми шоҳроҳ истода ҷавонзанро водор намуд, ки бо диққат бошад.
Зулайхо дид, ки дар байни ин шохаҳо се-чор ҷавони наврас нафари дар синну сол аз худашон калонтарро ба иҳота гирифта, ӯро ба иҷрои амале ҳидоят доранд. Аз он ки ҳар яке аз онҳо чун дузд ба атроф менигарист, тааҷҷуби ҷавонзани дар болои пули ҳавоӣ ба симтӯр такя намударо бештар кард. Баногоҳ байни он панҷ нафар додугирифт сар шуд. Сараввал хурдсолон ба нафари калонсол чун ҳама қарздорони олам пул дода, мунтазири амру фармони ӯ шуданд ва чун он ҷавони дар иҳота буда маблағи аз онҳо гирифтаашро ҳисоб карда ба ҷайб гузошт, аз сумкачаи дар дасташ буда чанд коғазпечи хурдеро бароварда ба ҳар кадоми онҳо тақсим намуд. Харидорон аз таги қатораи дар шохаи чорум истода гузашта, ба ҳамон самте рафтанд, ки Зулайхо омада буд. Баъди рафтани харидорон фурӯшанда бори дигар атрофро мавриди назари хеш қарор дода, аз таги қатораи сеюм гузашта, ба тарафи вокзал ҳаракат кард ва ниҳоят дар байни издиҳоми дар он ҷо буда ҳамроҳ шуда, ба дохили бинои асосӣ даромад.
Зулайхо нафари ба тарафи вокзал ҳаракаткунандаро шинохт...
Аз чунин шиносоии ногаҳонӣ сари ҷавонзан чарх зад ва рафту агар он симтӯри баланд намебуд, эҳтимол ӯ сарозер ба поён мерафт. Дар ҳоле ки ҳанӯз симтӯри баланд чун асо такядораш буд, ҷавонзан вохӯриҳои хешро бо писархолаи Суман пеши назар овард...
Аз чӣ бошад, ки дар Маскав Фарҳод аз ҷойи кор кофтан дида, духтархолаашро бештар мекофт ва маҳз ӯ ба хонаи иҷоравии духтархолааш дар вақте меомад, ки Суман дар кор ва Зулайхо дар хона буд. Зулайхо ба хотири Суман ӯро хайрамақдам гуфта, аз рӯй таомули миллӣ меҳмондорӣ мекард.

пешина
аз 441
навбатӣ