Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз он, ки “мири шаҳр” то ҳанӯз гиреҳе аз ҳодисаи ба сари амакаш омада дар даст надошт, ӯро ба шигифт оварда буд.
“Ҷустуҷӯи мо чун ҳама давлатҳои мутараққии ҷаҳон характери хусусӣ дорад, ба фикрам, аз милиса дида, мо ба марра наздиктарем,”- гуфтани “мири олами ҷиноӣ” дар гӯшаш садо доду садо...
-Бало наздикед, детектив.
-Ҳамон милиса омада буд, - баробари дидани Зулайхо хабар дод зани амакаш.
-Кадом милиса?
-Эй, ҳамоне, ки бори аввал ба суроғат омада буд.
-Сорбони Ҳомид?
-Худи худаш.
-Ӯ чӣ мехостааст?
-Намедонам, вале чун худат набудӣ, вай бароят даъватнома гузошта рафт, - гуфт ҳамсари амакаш ва ба хона даромада даъватномаеро оварда ба дасти Зулайхо дод.
-О, ин ҷо номи Тоҳир Солеҳ омадааст, - баъди хондани даъватнома изҳори нигаронӣ намуд ҷавонзан.
-Ман намедонам, вале он кас гуфтанд, ки шуморо сардорашон пурсидааст.
-Чӣ илоҷ бандаро ба ҷуз ба милиса рафтан дигар чорае нест.
-Монда шудед, шояд фардо равед?
-То бегоҳ, ҳанӯз вақт ҳаст ва чаро кори имрӯзаро ба фардо гузорем?
-Набошад, дер намонед, - таъкид кард янгааш.
-Кӯшиш мекунам, - гуфт Зулайхо ва аз остонаи хона пас гашт.
Ҷавонзан тамоми роҳ дар бораи суҳбати имрӯзааш бо Хуморов андеша намуд ва ба хулосае омад, ки аз милиса дида, пештар касе шахсияти қотилро муайян нахоҳад кард.
Зулайхо, вақте болои кӯпуруки ҳавоии пиёдагарди назди вокзали “Роҳи Оҳан” баромад, аз рӯйи одат чун ҳамешагӣ қоматашро рост карда, ба симтӯри паҳлуи рости кӯпурук такя намуда, ба тарафи вокзал, ки анбӯҳи зиёди одамон чун мурчагон дар даву тоз буданд, чашм дӯхт...

пешина
аз 441
навбатӣ