Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Ну и женшина! Не жемчужина! Огонь! – зери лаб ғунгос зад ӯ ва пешхизматро ҷеғ зада, ҳисобӣ намуда, аз тарабхона баромад.
Ҳарчанд гирду атрофро мавриди назараш қарор дод, Зулайхоро надид, мисли оне, ки ҷавонзанро замин фурӯ бурда ё бо лаълии парон ба сайёраи дигаре рафта...
Хуморов байни андешаҳои хеш қадам мезад, ки касе номашро ба забон овард:
-Гриша...
-Хуморов сар бардошта дар рӯ ба рӯяш Мавзунаро дида гуфт: - Ой киро мебинам.
-Мебинию худро нодида гирифта, аз паҳлуям гузаштан мехоҳӣ?
-Ҳаргиз чунин нест, баръакс, аз дидорат шодам. Оё дар ёдат ҳаст, ки ман бори аввал бо ту дар зери ана ҳамон маҷнунбед (ӯ бо дасташ маҷнунбеди дар самти дигари роҳ бударо нишон дод) рози дил гуфтам.
-Помню, ну тогда я была дурой.
-Что верно, то верно. Если бы ты была умная, ты не влюбилась б в такого болвана как я.
-Он замон ман туро дӯст доштам ва ба гӯшаи хотир ҳам намеовардам, ки ту бо кадом як деҳотидухтар хонадор мешавӣ.
-Ин хоҳиши ман не, балки орзуи падару модарам буд.
-Скажи Гриш, а ты любишь её?
-Раз в моем сердце нашлась место для такой кобылы как ты, то почему бы не поместить в него овечку.
-Девона, ман гумон кардам, ки - гӯён Мавзуна хайрухушро нася гузошта аз назди ӯ дур шуд. Гриша Хуморов то аз назар пинҳон шудани Мавзуна аз қафояш нигариста гуфт: - Настояшая кобыла...
**** Пас аз вохӯрӣ бо Хуморов Зулайхо ба хонаи амакаш омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё