Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Кадом гапатро бовар накардам?
-Чанд рӯз пеш дар бораи бачаҳои Зарифи ҳамсоя гап задам, ё аз ёдат баромад?
-Дар бораи бачаҳои ҳамсоя гап назан. О, гуфтам ва боз такрор шавад ҳам, мегӯям, ки аз хеши дур дида ҳамсояи наздик беҳтар.
-Ҳоло дар ҳама ҷо гапи бачаҳои Зариф.
-Гапи дигар тухми анқо шудааст, ки шумо занҳо гапи бачаҳои Зарифро мекашед?
-Мегӯянд, ки Фарҳод сафедӣ мефурӯшад.
-Чӣ хел сафедӣ?
-Аз бангу афюн зӯртараш ҳаст-ку, мардум онро сафедӣ мегӯянд. Ду рӯз пеш бачаи Ризо аз Фарҳод ҳамин хел дору харидааст.
-Кадом бачааш?
-Як девонаи бангӣ дорад-ку.
-О, вай бача худаш, ки бангӣ бошад, айби Фарҳод чист?
-Ризо аз кори ӯ ҷувонамарг огоҳ шуда, ба сари Зариф омадааст.
-Набошад, корҳо бад.
-Магар ман чунин нагуфтам?
-Ту ҳам бало, занак. Дар хона нишаста ҳама ин хабарҳоро аз куҷо шунидӣ?
-“Нарху навои бозорро аз духтари хона пурс,” гуфтани мардум албатта бе сабаб набудагист. Ҳа, қариб фаромуш карда будам: Се рӯз пеш, Фарҳод аз хона баромада рафтааст.
Ба куҷо рафтанашро ҳам касе намедонад. Модари бечорааш зор-зор мегиряд. Мегӯяд, ки падараш ӯро латукӯб намуд ва оқибат писари бечораам аз хона фирор кард.
-Химчаро дар ҷавониаш қат мекунанд, дигар аз он латукӯб самаре нест.
-Акнун чӣ мешавад?
-Он чӣ, ки бояд мешуд, аллакай рух дод ва гумон мекунам, ки писари Ризо харидори аввалину охирин нест, пас агар чунин аст Фарҳод кайҳо пой болои қонун гузоштааст ва то дастгир шуданаш боз даҳҳо нафарро аз роҳи рост бароварда, мубталои он гули марг мекунад, мубталои гуле, ки “гулпарвар”- ро умрбод аз ӯ халосӣ нест...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё