Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Чаро худат ӯро нагирифтӣ?
-Ба хотири фарзанди ту шуда, чаро ман худро азоб диҳам?
Мария Ивановна! - овоз дод Света ва зани миёнсоле тифле дар даст вориди хона шуда гуфт:
-Гӯшам ба шумо, Светлана Андреевна.
-Кӯдакро ба падараш диҳед!
-Охир ин чӣ хел мешавад? Тифл ҳоло хурд аст, - эътироз намуд доя.
-Гуфтам, ки тифлро ба падараш деҳ !
-Эҳтиёт шав, эҳтиёт шав, Каримҷон, - гӯён Мария Ивановна тифлро оҳиста ба оғӯши падараш гузошта қафо гашт.
- Исто! Светлана исто! О ту чӣ хел модар, ки тифлро партофта боз мегурезӣ? - дод зад падари ҳайрон аз ҷой бархеста истода ва аз беэҳтиётӣ тифли дар оғӯшаш буда афтид.
Оҳ гуфту аз ҷой бархест.
-Ба ту чӣ шуд?
Карим чашм кушода, болои сараш нафареро дид, ки аз рӯй нақли бибиаш ба модараш Озод ниҳоят монанд буд.
-Хоб дидам, хоби тарснок.
-Рӯз шуд, беҳтар мешуд агар бистарро тарк мекардӣ.
Хобатро бошад, ба касе нагӯй ба ҷуз ба об, оби равон...
Ӯ яку якбора парида аз ҷой нахест.
-Ман ҳозир меоям, тағо, - гуфт вай ва чун Давлат аз дар баромад, ӯ боз сари хоби лаҳзае пеш дидааш ба андеша рафт.
Худораҳматии бибиаш Ҳанифа дар бораи хобу хоббинӣ бисёр ҳарф мезад. Бибиаш таъкид мекард, ки агар шахс дар хоб маркабро бинад, бадавлат мешавад. Рафту духтар хоб бинӣ, соҳибдавлат мешавӣ. Духтар дар хоб ниҳоят хуб аст, вале писар, нафаре, ки мардон як умр орзуи ба дунё омаданашро мекунанд, дар хоб хуб нест. Бача дар хоб ғам аст.
“Бача дар хоб ғам аст, ғам,”- садо дод дар гӯшаш суханони бибӣ. Ҳарчанд сари хоби дидааш андеша кард, вале ҳеҷ ба як хулосаи муайяне омада натавонист ва ниҳоят аз ҷой бархест...
**** -Мардак, гап мезанум боварум намекунӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё