Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Нагуфтанд, ки тайи ҳафтод сол падару бобоёни мо дар ободии Гулзор саҳм гузоштанд ва чаро шумо ду-се беномус ҷанги шаҳрвандиро баҳона карда, ҳамаро канда, барои манфиати шахсиатон несту нобуд намудед. Гуфтанд?
...
-Чаро ба даҳон об гирифтӣ?
-Ман нашунидам.
-Чунки нагуфтанд. Агар мегуфтанд, мешунидӣ. Фаҳмо!
-Фаҳмидам.
-Афсӯс ки телефон ҳам нест, вагарна ба Каримҷон занг зада, асли воқеаро мегуфтем ва ӯ фардо ба милисаи ноҳияи Сарчашма рафта, бегуноҳ будани хешро собит мекард. Фардо субҳ ман ба шаҳр меравам ва шояд ду-се рӯз он ҷо монам.
-Роҳи дигареро ман ҳам намебинам...
-Света.
-Ҳа, ман.
-Ту бо ин либоси тагпӯш ?
-Аз оббозӣ омадам.
-Ҳамин хел дар кӯчаҳои шаҳр?
-Бале.
-О шарм надоштӣ, ки тамоми аъзои баданат намоён аст.
-Як умр сари маро гаранг карда, дар бораи шарму ҳаё гап задӣ.
-Магар ин бад аст?
-Нағзиашро надидам, барои ҳамин аз ту гурехтам.
-Пас чаро омадӣ?
-Писаратро овардам.
-Чӣ хеле ӯро надида истодаам.
-Вай дар берун.
-Танҳо?
-Не, дар дасти доя.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё