Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ба корҳоятон барор мехоҳам, - гуфт Сорбони Ҳомид ва бо Мирзоумари Зокир хайрухуш намуд...


-Дер омадӣ, ташвиш шудам.
-Нишондод додам.
-Чӣ хел нишондод?
-Дар бораи кай омадану рафтани Каримҷон.
-Ба онҳо гуфтӣ, ки ӯ пашшаеро озор дода наметавонад, вале шумо дар чунин як ҷинояти вазнине аз вай домангиред?
-Албатта.
-Ба фикри худат чаро онҳо аз вай гумонбаранд?
-Худам ҳам ҳайронам, ки чаро чунин шудааст? Сари субҳ як илоҷ намуда, ман бояд ба шаҳр равам. Ин ҷо ягон иштибоҳе шудааст. Худо накардаву Каримҷон ба Русия нарафта бошад, дар он сурат, касе дигар бегуноҳии вайро собит карда наметавонад. Милиса ҳам он вақт хоҳад гуфт, ки чун гуноҳ дошт, гурехт.
-Чӣ хел мегурезад, о дунё бе дарвоза аст? Чун ӯ ба дарвозаи ҳавоии шаҳр равад, ҳамон ҷо дастгираш мекунанд.
Модоме ки милисаҳо то ба мо расиданд, пас онҳо аллакай дар ин бора ба гузаргоҳои сарҳадӣ ҳам хабар доданд.
-Боз мегӯӣ, ки милиса кор намекунад?
-Дар дигар шаҳру ноҳияҳо, албатта, кори милисаҳо беҳтар будагист, вале милисаи Гулзор батамом кор намекунад ва агар онҳо кор мекарданд, мо ба чунин рӯзҳо намерасидем.
-Биё мон ин гапҳоро. Ҳарчи буд ё набуд, маҳз ҳамон милисаҳои мегуфтагиат дар ҳамон солҳои нобасомонӣ дар паҳлуи мо буданд, вале он хонашерони, майдонғарибе, ки имрӯз аз қонуну қонуният ҳарф мезананд, он солҳо дурӯягии хешро нишон дода, дар ҳарду ҷабҳа кор карданд, вале милисаҳо ҳамон хел якрӯ буданд ва якрӯ монданд. Ҳаминаш кофист, ки мо ба онҳо чун ҳомии қонун бовар намоем.
-Ин қадар милисаҳоро пуштибонӣ намудед?
-Мегӯянд, ки агар ду маротиба ба манфиати дӯстат сухан гуфтӣ , бори сеюм ба тарафдории душманат ҳам ҳарфе бигӯ, вагарна туро хушомадгӯ пиндоранд ва мо чаро милисаро дар ҳама нобасомониҳои Гулзор гунаҳкор намоем, модоме ки худи мардум мавқеи бетарафиро ишғол намуда боре сари вайронкориҳои мансабдорони бевиҷдон сухан нагуфтанд.

пешина
аз 441
навбатӣ