Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

меомаданд. Дар чорроҳаи кинотеатри Ватан хостанд роҳро убур намуда, ба тарафи бинои музеии таърихию кишваршиносии ба номи Беҳзод гузаранд. Чун роҳи гузаргоҳ холӣ буд, ӯ аввалин қадамашро гузошт, ваде Давлатов дасташро дошт.
-Устод, гузаргоҳ холист- ку.
-Вале то ҳанӯз чароғаки сурх фурӯзон ва ба замми ин Мулло Нурович ҳам омада истодааст. Биё беҳтараш бо “оташ” бозӣ накун...
Дар ҳамин асно мошини Мулло Нуров аз назди онҳо гузашт ва марди мӯйлабдори ба Семён Михайлович Будённый13 шабеҳ дошта он нафаронеро, ки дар чароғаки сурх гузаргоҳро убур намуда буданд, ба воситаи баландгӯяк чӣ суханоне нагуфт...
Суханоне, ки ҷозибаи онҳо то кунун чун ҷозибаи “оташ” дар ёдаш монда.
-Рафиқ капитан, мебинам ба фикр фурӯ рафтед?
-Ҳа, ҳамин хел рӯзгореро аз дуриҳои дур ба ёд овардам.
-Рӯзгореро дар атрофи зиндагиномаи Мулло Нуров?
-Бале.
-Ба фикрам, тамоми мардуми кишвар вайро мешинохтанд.
-Чунки кор мекард ва ба волояти қонун арҷ мегузошт.
Хуш, корҳои худат чӣ хел. Дар бораи интиқолдиҳандаи маводи мухаддир маълумот кофист?
-Ба ҷуз он ки номаш Фарҳод аст, дигар ҳеҷ.
-Ба андешаи худат, Фарҳод номи аслиаш аст?
-Намедонам.
-Дар чунин мавридҳо беҳтар мешуд аз хизмати кормандони ғайриштатӣ ва дружиначиёни халқӣ истифода мебурдед.
-Ҳама аллакай мавқеъҳои хешро ишғол намуданд, вале аз Фарҳод то кунун хабаре нест.
-Рафту вай шатранҷбоз бошад-чӣ?
-Чунин ҳолати корро ҳам инкор карда намешавад.

С.М.Будённый – маршали Иттиҳоди Шӯравӣ.

пешина
аз 441
навбатӣ