Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳангоми бозгашт дар назди қаҳвахонаи “Садбарг” ӯ нозири минтақавӣ лейтенанти калони милиса Мирзоумар Зокирро дар либоси ғайринизомӣ дида сабаб пурсид.
-Шумо, ки як умр дар либоси ғайринизомиед, худро милиса мехонед, вале банда соле як ё ду маротиба чунин либос ба бар намудам, гунаҳкор шудам?
-Мирзоумар, ҳаргиз чунин нест. Дар либоси ғайринизомӣ дидани нафаре, ки ба либоси низомӣ ҳамеша арҷ мегузорад, ин нишонае аз масъулияти бештари ба душ гирифтаашро тақозо мекунад.
-Вы ясновидящйи.
-Увы.

  • Шаби гузашта духтараки 16-17 --солаеро ба пункти такягоҳи тартиботи ҷамъиятӣ оварданд, ки ҳангоми ташхиси тиббӣ дар хунаш мавҷуд будани маводи мухаддирро муайян намуданд ва ҳангоми кофтукови шахсӣ аз сумкачаи дар дасташ буда боз ба миқдори 00,2 грамм героин ёфта гирифта шуд. Ин дар давоми ҳафта бори якум нест, ки дар минтақаи мазкур касе ба фурӯши маводи мухаддир даст задааст.
    -Гумон дорӣ, ки интиқолдиҳандагони маводи мухаддир худатро дар либоси ғайринизомӣ намешиносанд?
    -Ҳамин тавр.
  • Аз рӯйи муҳаббат ба либоси милиса ва тарзи пӯшидани он баъди худораҳматии Мулло Нуров12 зинаи дуюмро дар раддабанди бояд барои худат ҷудо мекарданд.
    -То ба пояи Мулло Нуров расидани мо ғайриимкон аст, гумон мекунам ҷойи ӯ, ки замоне дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.
    -Инаш рост,-гуфт Сорбони Ҳомид ва лаҳзае мавҷи хотироташ ба дуриҳои дур парвоз кард.
    ...Ӯ ҳамроҳи доктори илмҳои иқтисодӣ, професор Исмоил Давлатов аз бинои асосии донишгоҳ ба тарафи “Садбарг”

Мулло Нуров – майори милиса, нозири БДА.

пешина
аз 441
навбатӣ