Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Рост гуфтед, дар ҷое, ки кор нест, натиҷа аз куҷо мешавад.
-Хайр вақти шуморо дигар намегирам, чун шавҳарат омад гӯед, ки ба милисахона биёяд!
-Хуб шудааст...
-Бубахшед, ки дер мондам.
-Боке нест марҳамат гузашта шинед!
-Ташаккур.
-Хуш чӣ мефармоед?
-Ман тановул намуда, пас аз хона баромадам, бемалол танҳо барои худатон фармоиш диҳед.
-Ин хел намешавад. Иштиҳо дар зери дандон гуфтаанд, - гуфт Хуморов ва пешхизматро ҷеғ зад...
-Ягон натиҷае ба даст овардед?
-Мутаассифона, то кунун натиҷае нест, вале мо шуморо бовар мекунонем...
-Дар милиса ҳам ҳамин хел гуфтанд.
-Кай?
-Пеш аз вохӯрии аввалаам бо шумо.
-Дигар шуморо ҷеғ назаданд?
-Не.
-Фарқи ҷустуҷӯи мо аз онҳо аз замин то осмон.
-Чун дар ҳама ин ҷустуҷӯйҳо пешравие нест, чизе гуфта наметавонам.
-Мо кори хешро дар асоси таҷрибаи пешқадами ҷӯяндагони хусусии мамоликҳои мутараққии ҷаҳон ба роҳ мондаем ва такрор ҳам шавад, шуморо бовар мекунонем, ки...
-Нафаре, ки нишониатонро ба ман дод, бандаро бовар кунонид, ки шумо шахсияти қотилро дар байни ду-се рӯз муайян мекунед.
-Албатта, мо дар ин самт “дасти” бисёриҳоро гирифтаем, вале ҳастанд ҳолатҳое, ки...
-Кадом ҳолатҳо?
-Этот шифр, который расшифровке не подаётся.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё