Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Яъне, шумо ҳам чандон ба анҷоми неки кор боварӣ надоред?
-Чӣ хеле гуфтам, мо аз тамоми воситаҳо истифода мебарем.

  • Ман баъди панҷ рӯз ба Русия меравам ва агар то лаҳзаи парвоз шахсияти қотилро муайян насозед, ҳисоб намоед, ки шартнома бекор карда шуд.
    -Вы очень крутая женщина.
    -Ман ҳамеша чунин будам ва бори дигар сари ин пешниҳод андеша намоед!

-Каримҷон, имрӯз шумо чӣ нақшаҳо доред? - пеш аз ба кор рафтан пурсид соҳибхона.
-Барои бозгашт чипта гирифтанам лозим.
-Беҳтараш ба кассаи фурудгоҳ, воқеъ дар наздикии бозори Шоҳмансур рав. Хуб мешуд агар либосҳоятро иваз мекардӣ. Шахс дар либоси ғайринизомӣ худро бофароғаттар ҳис мекунад, - таъқид кард соҳибхона.
-Албатта.
-То бегоҳ , - гӯён Давлат аз хона баромад. Бибиаш ҳамеша мегуфт, ки модарат ба Давлат монанд буд. Шояд ҳамин суханони бибиаш сабаб шуда ӯ Давлатро, ки аз авлоди модариаш буд, дӯст медошт.
Соате пас аз рафтани Давлат Карими Кабир тағйири либос намуда, ба тамошои шаҳр баромад...
Аз ҳама аввал ӯ ба кассаи фурудгоҳ рафт ва бо як мушкилоти зиёде барои рӯзи 5 ноябр ба таври транзитӣ бо сайрхати Душанбе –Домодедово -Владивосток чипта гирифт.
Албатта, ӯ бисёр мехост барои рӯзи 2 ё 3 ноябр чипта дастрас намояд, вале ҳамаи талошҳояш дар ин самт бе натиҷа анҷом ёфт.
Сипас мичман бозори Шоҳмансур ва музейи таърихию кишваршиносии ба номи Беҳзодро тамошо карда, аз дӯкони китобфурӯшӣ беш аз даҳ китоби бадеӣ харида, соатҳои 1630 дақиқа лакоту хаста ба хона баргашт.
-Шаҳрро тамошо кардӣ?

пешина
аз 441
навбатӣ