Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рост гуфтаанд, ки уштур каҷии худро намебинад, - аз мавқеи мудофиа ба ҳуҷум гузашт нозири минтақавӣ Зуҳур Самад.
-Аввалаш ин ки ман дар куҷо будани Карими Кабирро намедонам, чунки ӯ дар шаҳр хонаву дар надорад. Хуб аст ё бад, вай одами низомӣ аст ва, албатта, дар ҷое ки ӯ хизмат мекунад, ягон тартибу низом будагист. Агар тартибу низом бошад, аз эҳтимол дур нест, ки ба Русия нарафта бошад, ин як. Дуюм, бе ягон асос кас чӣ тавр метавонад ҷиноят содир кунад? Сеюм, ман ӯро бори аввал як ҳафта пеш дидам ва бо вай ягон риштаи хешутабори надорам, пас ба кадом сабаб ба андешаи шумо ӯро пуштибонӣ намуда, мавқеи бетарафиро ишғол намудам.
-Рафту ӯ киллер бошад-чӣ ?
-Киллераш чист?
-Нафаре, ки бо пули калон барои чунин амалҳо фармоиш қабул мекунад.
-Бо ҳамаи ҳамин нофаҳмӣ ва бесаводиам ман ба бегуноҳии вай кафолат медиҳам. Охир ӯ соати ҳашти бегоҳ аз тайёра фаромада, сари субҳ ба таксӣ нишаста, ба Гулзор омад. Пас он фармоишро барои чунин як амали мудҳиш кай ва дар куҷо қабул кард?
-Аслан ҳама ҳамин хел мегӯянд ва чун гуноҳашонро собит намудӣ, ба тавбаю надомат медароянд Мо дар таҷрибаи кори чунин амалҳоро бисёр дидаем.
-Ман ҳафт сол боз дар ҳамин Гулзор зиндагӣ дорам ва боре нашунидаам, ки шумо пишаки касеро пишт гуфта бошед. Пас чунин таҷриба дар куҷо андӯхтед?
-Дар шаҳр кор мекардам.
-Кай?
-То замони истиқлолият.
-Пас чаро таҷрибаи дар замони Шӯравӣ андӯхтаатонро дар амал тадбиқ намекунед? Аз чӣ бошад, ки ман натиҷаи кори милисаро умуман дар ин диёр надидам.
-Кори милиса нозукиҳои хешро дорад ва донистани он барои шумо чӣ лозим?

пешина
аз 441
навбатӣ