Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Ҳар касе, ки пул дода биноро харид, он моли шахсии ӯ мешавад ва дигар ихтиёр ӯрост, ки бо он бино ё техникаи харидааш чӣ мекунад. Ин сиёсати давлат дар бораи хусусигардонист.
-Боз милисаро чашми давлат мегӯянд. Магар ҳамин аст пуштибонии шумо аз давлат?
-Барои як пиёла чойи хунук ин қадар харшаха бардоштед.
-Гап дар сари як пиёла чой нест ва мо аз он дар шигифтем, ки милиса мавқеи бетарафиро ишғол намуда, бо ин васила ба талаю тороҷкунандагони моликияти давлатӣ роҳ мекушояд.
-Ин ҳамааш нишонаҳое аз ҳамин ҷанги шаҳрвандист ва худи ҳамин нобасомониҳо онҳоеро, ки дар сари мансаб буданд, соҳиби сармояи зиёд намуд.
-Пас қонун куҷост?
-Рӯзе мешаваду ҳар кӣ киштаи хеш медаравад.
-То он рӯз ин хонасалотҳо аз мор ба аждаҳо мубаддал мешаванд ва мушкилоти бештареро ба бор меоваранд.
-Чӣ илоҷ, ки зиндагӣ чунин пасту баландиҳо дорад.
-Мавқеи бетарафиро ишғол намудани милиса барои шаҳрвандони одӣ ниҳоят гарон меафтад.
-Суроғаи он касро намедонед? - мавзуи суҳбатро ба самти дигар гардонида пурсид нозири минтақавӣ.
Муҳаррам фаҳмид, ки нозири минтақавӣ аз асп фаромада бошад, ҳам ба хотири касб ва мавқеи иҷтимоияш дар ҷомеа пой аз рикоб гирифтанӣ нест.
-Ба фикрам, ӯ ба ҷойи хизматаш меравад, - баъди каме андеша гуфт зан.
-Кай меравад?
-Инашро намедонам.
-Яъне ба тафтишот ёрӣ додан намехоҳед. Милисаро дар бетарафӣ айбдор намудед ва чун ба милиса ёрӣ лозим шуд, худатон мавқеи бетарафиро гирифтед. Магар ҳамин аст мавқеи шаҳрвандии шумо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё