Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Чӣ хел ҷустуҷӯ?
-Маллоҳро дар қатли як шаҳрванди пойтахт гумонбаранд.
-Ин ҳеҷ мумкин нест. Бовар намекунам. Мефаҳмед, бовар намекунам.
Нозири минтақавӣ рафти воқеаҳоро бо каме ҳам бошад обу ранги тоза ба самъи соҳибхона расонд.
-Шумо бошед, бовар кардед?
-Дар ҳамин бора аз ШКД ноҳияи Сарчашма ба суроғаи мо мактуби расмӣ омадааст ва дар он гуфта шудааст, ки мо дар муайян намудани ҷойи зисти Карими Кабир, ки дар куштори як сокини шаҳри Душанбе гумонбар дониста мешавад, кумак намоем. Шумо худатон медонед, ки милиса ҳеҷ гоҳ бе далелҳои шайъӣ шаъни касеро паст намезанад.
-Агар милисаҳои дигар ҳам мисли шумо набошанд,-талх карда гуфт соҳибхона.
-Шумо чиро дар назар доред?
-О шумо, ки ҷиноятҳои дар пеши чашматон содиршударо намебинед, чӣ тавр нисбати кори ҳампешагонатон чунин баҳогузорӣ мекунед?
-Чӣ хел ҷиноят?
-Магар худ чашм надоред, ки бубинед ин минтақаро ба чӣ табдил додаанд?
-Ба чӣ табдил додаанд?
-Ба Хорзор, номаш Гулзору худаш Хорзор.
-Агар чунин аст, пас чаро дар ин бора ба номи сардори мо ариза наменависед ?
-Чӣ, шумо худатон чашм надоред, оё намебинед, ки ду-се оқипадари дар сари вазифа буда ҳамаи биноҳои давлатӣ ва техникаи хоҷагии қишлоқро тариқи ёру ошнобозӣ фурӯхта несту нобуд карданд. Магар ҳамин аст ободкорию ободсозии мо. Бубинед дигар дар Гулзор бинои ободе намонд, ки ин ду -се хонасалот хусусиаш накарда бошанд. Наход меҳнати ҳафтодсолаи мардуми як минтақаро дар як чашмпар вайрону валангор намоӣ? Оё шумо намебинед, ки чӣ хел биноҳои ободро, ки метавонистанд садҳо сол боз дар истифодаи ин мардум бошанд, бо нархи ночизе харида, онҳоро канда, масолеҳи сохтмониашонро ба шаҳр бурда, бо нархи даҳчанд фурӯхтанд ва ё барои пуштибоне пайдо намудан ба мансабдоре чун дастагули беарзише “туҳфа” намуданд.

пешина
аз 441
навбатӣ