Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Мефаҳмем, раис!
-Балора намефаҳмед, агар мефаҳмидед, кайҳо боз шахсияти қотилро муайян мекардед.
-Мо аздусар ӯро меёбем.
-Агар ӯро пеш аз мо милиса наёбад.
-Не, намеёбад.
-Аз куҷо чунин худбоварӣ?
-Аз он ки ҷабрдида ба мо муроҷиат намудааст, дар нисбати милиса аз мо боварии бештаре дорад.
-Овозаи Рустам беҳ аз худи ӯст ва нафаре, ки суроғаи моро ба ҷабрдида додааст, эҳтимол дар пеши назари вай симои моро аз комиссар Мегрэ ва ё Эркюл Пуаро болотар гузоштааст, бехабар аз он, ки шербачаҳои Хуморов аз ландаҳуре беш нестанд.
-Шеф, ба мо боз як имконият диҳед.
-Чӣ илоҷ? Боз ба шумо се рӯз муҳлат ва агар натиҷае ҳосил нашавад, аз худатон гила кунед!
Баъди рафтани зердастон Хуморов ба ҷой вохӯрӣ бо Зулайхо рафт.


-Вай куҷо шуд?
-Кӣ?
-О вай буд-ку?
-Ором шавед, ака, ана як қулт об гиред, - гӯён Муҳаррам ба пиёлае чой хунук рехта, ба дасти нозири минтақавии милиса дод. Капитани милиса пиёлаи чойи хунукшударо ба лаб бурд ва пиёлаи холиро ба дасти соҳибхона дода гуфт:

  • О ҳамон маллоҳ куҷо шуд?
    -Вай рафт.
    -Чӣ?
    -Он кас рафтанд.
    -Ба куҷо рафтанд?
    -Ба шаҳр ва аз он ҷо ба Русия.
    -Кай рафтанд?
    -Субҳи дирӯз.
    -Ӯро ҷустуҷӯ доранд.
пешина
аз 441
навбатӣ