Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Маҳз ҳамин ҳолат сабаб гардид ва раис ду зердасташро тариқи телефони мобилӣ ба наздаш хонд.
Баъди бист дақиқа зердастони даъватшуда чун хонандаи мактаб назди тахтаи синф пеши ин муаллими сахтгиру серталаб рост шуда, гӯш ба қимор шуданд:
-Ягон натиҷае ҳаст?
-Афсӯс, - гуфт нафае, ки дар қад пасттар, вале дар синну сол калонтар ба назар мерасид.
-Эй аблаҳ, чӣ тавр дар шаҳр куштор рух додаву ман хабар надорам, магар шумо ду ландаҳур набудед, ки бандаро борҳо бовар намудед, ки мо ҷунбиши нобаҳангоми моҳиро дар рӯди Душанбе ва парвози ногаҳонии пашшаро дар фазои он мефаҳмем ва агар мефаҳмидед, пас канӣ натиҷаи он фаҳмишҳоятон?
-Мо ҳам дар давоми ин се шабонарӯз мижа таҳ накардем “Шеф” ва ҳамаи онҳоеро, ки аз нигоҳи мо ба чунин амал даст зада метавонанд ва бо ҷабрдидаҳо ба таври ростхата ва ғайримустақим алоқа доранд, сабти ном намудем, - гӯён гузоришдиҳанда коғази чорқатшудаеро аз ҷайбаш бароварда ба дасти Хуморов дод.
Хуморов он варақаро кушода хост фаҳмад, ки рақами охиринаш чанд аст, вале дар нисбати вай “шербачаҳояш” сари ин масъала беандешагӣ зоҳир намуда буданд.
-Дар ин ҷо чанд нафар? - пурсид он муаллими сахтгир.
-Панҷоҳ нафар.
-Аз мавҷудияти долларҳо чанд нафар огоҳӣ доштааст?
-Дувоздаҳ нафар.
-Рӯйхати онҳоро алоҳида тартиб диҳед!
-Ҳамон ҷо ҳамааш қайд шудааст.
-Магар шумо боре андеша намудед, ки ҳазор доллар чист ва аз ин миқдор сӣ фоизаш чанд мешавад?
-Сесад доллар?-гуфт нафаре, ки то кунун чун дарахти сафедор сокиту хомӯш рост меистод.
-Аз ҳамон маблағи дар шартномаи тарафайн ба имзо расида ҳамин миқдораш барои корҳои ҷустуҷӯӣ равона карда шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё