Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ана инро дӯстӣ мегӯянд.
-Он замон шиоре буд: “Зинда бод дӯстии халқҳои СССР!” ва нишонаи ин шиор то кунун дар дар болои бинои “Суди Олӣ” намоён аст, фақат номи СССР-ро ихтисор намуданд.
Баъди хатми донишгоҳ ӯ муддате дар мақомоти прокуратура ва сипас дар мақомоти суд ба ҳайси судя кору фаъолият намудааст. Он солҳо судяҳоро интихоб мекарданд ва аз эҳтимол дур нест, ки гурӯҳҳои манфиатдор малакаю дониши Хуморовро ба инобат гирифта ӯро ба чунин як вазифаи пурмасъулият пешбарӣ накарда бошанд. Баъдтар аз рӯй шунидам, Хуморовро ҳангоми гирифтани пора дастгир намуда, ба маҳкама кашиданд...

  • Модоме ки Хуморов ба хотири пул шуда ба мақому манзалати доштааш аз паси панҷа нигарист, пас куҷост кафолат, ки боз ба хотири пул сухани ҷавонзанеро чун Зулайхо рад намояд.
    -Дирӯз пеш худи Некрӯз Низом ҳамаи аҳли нишастро дар ин бора огоҳ намуда гуфт, ки нагузоред ҷинояткорро пеш аз мо Хуморов дастгир намояд ва хеле дуруст ҳам гуфт, ки ин ба шаъни милиса зебанда нест. Рафту агар бо Зулайхо дар ин бора суҳбат менамудед, хуб мешуд.
    -Суҳбат бошад, суҳбат мекунем, - гӯён Сорбони Ҳомид рухсат пурсида аз дар баромад.

То оғози вохӯрӣ бо Зулайхо ҳамагӣ ду соат вақт монда
буд, вале Хуморов то кунун дар бораи дархости аз ҷавонзан
гирифтааш ягон натиҷае ба даст наоварда буд. Акнун ӯ
моргазидаеро мемонд, ки тобу тавонро оҳиста-оҳиста аз
даст медиҳад. Мебоист тайи ин муддат ӯ шахсияти қотилро
муайян намуда, номи гунаҳкорро бо далелҳои
раднашаванда ба Зулайхо мегуфт ва ба ивази ҳамаи ин
хизматҳояш ҷавонзан ба ӯ ҳазор доллар медод. Акнун
масъалаи шикасти молиявӣ вайро чандон мушавваш накард,
чунки талоши вай бештар бар он буд, ки дигарбора ба мақомотҳои тафтишотӣ собит созад, ки Хуморов кист.

пешина
аз 441
навбатӣ