Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳодисаи мазкур дар давоми ҳафта бори аввал набуд ва ҳамин ҳолат ташвиши кормандони милисаро бештар кард. Сарнозири минтақавӣ ШКД ноҳияи Сарчашма майори милиса Мирзо Шокарим вазъи ба амал омадаро мавриди баррасӣ қарор дода, барои хариду фурӯш ва интиқоли маводи мухаддир дар квартали ... ба номи сардори ШКД гузориши муфассале навишт, ки худи ҳамон рӯз, тариқи котибот майори милиса Тоҳир Солеҳ онро ба истеҳсолоти хеш қабул намуд.
Ҳанӯз Тоҳир Солеҳ дар атрофи гузориши Мирзои Шокарим имкони тартиб додани нақшаю чорабиниҳои оперативиро наёфта, аз капитани милиса Сорбони Ҳомид хабари оперативӣ гирифт, ки дар он аз муроҷиати Фотеҳзода Зулайхо Валӣ ба сарвари грӯҳи криминалии шаҳр Гриша Хуморов сухан мерафт.
-Дар ин бора аллакаи ҳама медонанд.
-Аз куҷо медонанд?
-Шахсан ман ва Дастам Қосим ҳамин суханонро аз забони Некрӯз Низом дар маҷлиси назди сардори раёсат ду рӯз пештар шунида будем.
-Бовар намекунам.
-Ихтиёрат, вале медонӣ, ки Гриша Хуморов кист?
-Мегӯянд, ки ӯ наркоборони гузарост.
-Дуруст, вале бояд зикр намоям, ки ӯ ҳуқуқшинос аст ва амалиётҳои ба нақшагирифтаашро ҳамагӣ як қадам аз мо пештар мегузорад.
-Ҳуқуқшинос ва наркобарон, ақли кас намегирад.
-Хуморов Григорий Хурамович бо тахаллуси Гриша...
Шояд аз давраи бачагиаш ҳама номи вайро дар шакли кӯтоҳ карда шуда ба забон оварда, дигар андешае накарданд, ки Гриша решаи калимаи Григорий аст ва то кунун аксари ёру шиносҳояш ба ҷой Григорий Хурамович гуфтан шакли кӯтоҳкардашудаи номашро ба забон меоранд.
-Чаро ба вай номи русӣ гузоштаанд ё модараш рус аст?
-Не, падару модараш ҳарду тоҷики асил ва инсонҳои тақводоранд. Падараш Хурам Хуморов ҳангоми хизмат дар Армия Григорий ном дӯсте доштааст ва писарашро ба хотири дӯсташ чунин ном гузоштааст.

пешина
аз 441
навбатӣ