Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Пас ин хонаву дари мӯйсафедро ба ягон кас фурӯш.
-Хонаву дари бобоямро боз ба муддати ду сол ба души худат вомегузорам ва ваъда медиҳам, ки тайи ҳамин муддат ба хотири пос доштани руҳу арвоҳи гузаштагони ин манзилу макон ман бо флот хайрухуш намуда, Шарқи Дурро ба гӯшаи фаромушӣ медиҳам. Дигар маро дар он ҷо ягон чиз боздошта наметавонад.
-Набошад бароят ягон духтари очааш мучӣ накардаро таги чашм кунем?
-Худат медонӣ, ки ман аллакай як маротиба издивоҷ намудам ва аз эҳтимол дур нест, ки дар ҳамон муҳлати таъиншуда ман бо ҳамсари навам ба Гулзор наоям.
-Агар ваъдаат қатъӣ бошад, ман тайёрам боз ду соли дигар ҳам манзили бобоиро бароят ҳифз намоям.
-Осуда бош, ман чӣ гуфтанамро медонам. Иншоолоҳ, ман нияти чароғи хонаи бобоиро фурӯзон нигоҳ доштан дорам, мисли оне ки чароғӣ ин ҳавлиро замоне модарам Озод, падарам Кабир, момоям Ҳанифа ва бобоям Акрам фурӯзон доштанд ва дар ҳамин поси шаб дар шоҳидии ҳамаи ситораҳои осмон банда ваъда медиҳам, ки агар умр боқӣ бошад, зимомдор ва нигоҳдори ҳамин чароғ хоҳам шуд...
Мошин соатҳои 21 ба шаҳр расид. Чун Карим акнун суроғаи Давлатро (яке аз авлодони модариаш) аз Абдулхайр гирифта буд, дар маҳалаи Кӯҳдоман фаромада, ба суроғи хонаи Давлат рафт.
Соати 2208дақиқа ба пункти такягоҳи тартиботи
ҷамъиятии №3-и ШКД ноҳияи Сарчашма духтари тахминан
16-17-соларо дар ҳолати мастӣ оварданд. Ҳангоми аз муоинаи
тиббӣ гузаронидани ӯ муайян намуданд, ки сабаби мастии
вай на истеъмоли нӯшокии спиртӣ, балки истеъмоли маводи
мухаддир тариқи сӯзанзанӣ гардида. Ҳангоми кофтукови
шахсӣ аз сумкаи дастиаш ба миқдори 00,2 грамм чунин
мавод ёфт шуд. Духтар хабар дод, ки маводи мазкурро аз
Фарҳод ном ҷавон соати 17 аз назди қаҳвахонаи “Садбарг”
харидааст. Ба саволи нозири минтақавӣ, ки оё ӯ суроғаи Фарҳодро медонад, духтар ҷавоби инкор додааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё