Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Чун дигар ҳамсояҳо бобояш шояд аз танҳоӣ ва бе дастиёр буданаш бошад, ки ҳатто чорвои хонагиро ҳам нигоҳ надошта буд ва дар ин бора мӯйсафедро ҳам гунаҳкор кардан аз рӯйи инсоф набуд...
Рӯзҳои дар деҳа будан Карим борҳо пешниҳоди ҳамдеҳагонашро дар мизони ақл оид ба фурӯзон нигоҳ доштани чароғи кулбаи бобоӣ гузошт...
Дишаб то посе аз шаб гузаштан ӯ ҳамроҳи Абдулхайр сари рӯзгори ояндааш суҳбат намуд. Дӯсташ пешниҳод кард, ки беҳтар мешуд ӯ дигар ба Шарқи Дур намерафт ва аз ҳамин ҷо тариқи аризаи хаттӣ бо ҷойи кораш ҳисобу китобашро баробар мекард. Агар деҳа ва ҳамдиёронатро дӯст дорӣ, беҳтар аст фикри дубора ба флот баргаштанро аз сар дур мекардӣ ва агар мо ба як хулосаи қатъӣ биёем, аз худи ҳамин деҳа бароят арӯсеро ҷустуҷӯ намоем...
-Ҳалли чунин амалҳо чандон кори осон нест,-баъди хомӯшии тӯлоние гуфт Карим.
-Чӣ хел осон нест?
- Чунки ман дар мақоми душаҳрвандӣ қарор дорам ва ба ҷуз дар ин сарзамини аҷдодӣ боз дар он ҷо низ масъулияти гаронеро ба душ гирифтаам, чунки хизматчии низомиям ва барои бе асос ба ҷой корам ҳозир нашудан метавонанд маро ба трибунали ҳарбӣ диҳанд, ин як.
-Боз чӣ?-хомӯшии ҳамсуҳбаташро дида пурсид Абдулхайр.
-Дуюм, ман беш аз ҳашт сол аст, ки дар флот фаъолият дорам ва то анҷоми муҳлати шартномаи кунуниам бо флот беш аз як сол вақт мондааст. Дар ҳолати яктарафа бекор намудани шартнома аз тарафи ман банда аз ҳамаи имтиёзҳо маҳрум мешавам, вале инаш ҳам чандон муҳим нест. - Агар муҳим набошад, пас монеа чист?
-Худат огоҳӣ дорӣ, сабаби дар флот хизмат намудани банда ин талаби бобоям буд, ки дар ҶБВ солҳои 1941 -1945 ӯ низ дар Флоти Уқёнуси Ором хизмат намуда буд ва ҳамон талаби мӯйсафед ҳоло ҳам барои ман баробари дастури низомист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё