Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Сеюм, аз рӯй ҳолатҳои то кунун барои тафтишот номаълум ҷиноят ба мақсади куштор тарҳрезӣ шуда, баъди анҷоми он ҷинояткорон аз вазъи қуллай, яъне оромии шаб, истифода бурда, ба мақсади даромаде ба даст овардан хонаро такурӯ намуданд ва долларҳои пинҳоннамудаи соҳибхонаро баъди ба ҳалокат расониданаш ёфта гирифта рафтанд. Дар ин самт метавон назарияи пешниҳоднамудаи шумо, рафиқ полковникро, аз рӯй касбияти маҳрум ҳамчун илова ба банди зикршудаи нақшаю чорабиниҳои оперативӣ ҳамроҳ намуд.
-Чун парвандаи мазкур дар зери назорати бевоситаи прокурори генералист, дар ҳамкории зич бо муфаттиши прокуратура Соҳиб Хол корро ҷонноктар намоед, - гуфт сардори милиса ва ба суҳбат нуқта гузошт.
УАЗ-469 бо нуҳ мусофир соати 0815 дақиқаи рӯзи 30 октябр аз Гулзор ба тарафи Душанбе ҳаракат кард.
-Ҳавлии мӯйсафедро ҳам саробон шав, охир худораҳматӣ бобоям туро ҳам мисли ман дӯст медошт, - гуфт Карим пеш аз ба мошин нишастан.
-Албатта, вале худат ҳам ҳамон пешниҳоди бандаро аз хотир набарор, - таъкид кард Абдулхайр ва Каримро пеш аз ба мошин нишастан дубора ба оғӯш гирифта, хайрухӯш намуд.
Ба вазъи ноқулай ва танги мошин, ки ронанда бо ихтирооти хеш аз меъёр як маротиба бештар мусофиронро ҷо ба ҷо намуда буд, нигоҳ накарда мусофири дар либоси низомӣ буда сари гуфтаҳои дӯсташ Абдулхайр ба андеша рафт...
Тайи ин чанд рӯзи дар Гулзор будан аксари ҳамдеҳагон Каримро бар он ҳидоят намуданд, ки ҳарчи тезтар ба Ватан баргардад ва омада ҷову ҷалоли аз гузаштагонаш ба мерос мондаро саробон шавад ва шамъи хонадони бобоиро фурӯзон нигоҳ дорад.
Ҷову ҷалол гуфта ҳамдеҳагонаш чиро дар назар доштанд, Карим чизеро нафаҳмид, чунки дар он кулбаи лоин ба ҷуз асбобу анҷоми рӯзгор ва рахти хоб дигар чизе ҳам намонда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё