Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Мо ба ҳамаи ноҳияҳое, ки бо чунин ном минтақаи аҳолинишин доранд, хабарномаҳо фиристодем ва боварӣ ҳаст, ки ҳамкоронамон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат ба хабарномаҳои мо сари вақт посух медиҳанд. Бо назардошти он, ки ҳодисаи ба сари собиқ старшинаи милиса омада ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин дохил мешавад, ба ҷуз назарияҳои то кунун мавриди санҷиш қарордошта, боз фаъолияти кории ҷабрдидаро низ мавриди таҳлил қарор додан лозим меояд.
-Исроил Фотеҳ ҳамааш шуда старшинаи милиса буд, - эътироз намуд Абдулло Мирзо, ки танҳо дирӯз аз рухсатии меҳнатӣ баргашта буд.
-Рафиқ майор, ин ҷо гап дар сари унвону вазифа намеравад ва набояд аз хотир баровард, ки Исроил Фотеҳ дар маҷмуъ милиса буд ва дар солҳои нобасомонии кишвар борҳо дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок намуда буд...
-Бубахшед, ки мо ҳамин тарафи масъаларо умуман ба инобат нагирифтаем.
-Ҳоло ҳам дер нашудааст, ки аз ҳамин кунҷ ба рафти ҳодиса назар афканед!
-Итоат, рафиқ полковник, - гуфт Абдулло Мирзо.
-Назари сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ дар ин бора чӣ гуна аст?-ба тарафи Тоҳир Солеҳ нигариста пурсид Дастам Қосим.
-Ба ҷуз назарияи асосӣ, ки мо барои муайян намудани шахсияти Карими Кабир чанд рӯзро гузаронидем, аз руйи назарияҳои: - якум, куштор тасодуфан аз тарафи нафар ва ё нафароне содир шудааст, ки танҳо ба мақсади дуздӣ вориди хонаи Исроил Фотеҳ гардидаанд. Дуюм, ҳодисаи мазкур аз рӯйи нақшаи тарҳрезишуда амалӣ карда шудааст, чунки нафар ва ё нафароне, ки ба ин кор даст задаанд, аз мавҷудияти долларҳои аз Русия фиристодашуда пурра огоҳӣ доштанд ва чун соҳибхона дар ин самт муқобилият нишон додааст ва ё худаш дарро ба рӯйи ҳамон нафарон кушодааст, мавриди ҳамлаи роҳзанҳо қарор гирифтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё