Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Чун Фарҳод тайи муддати шиносоӣ бо Зулайхо боре ҳам андешаи дар ягон ҷо ба кор даромаданро накард, чанд моҳ пеш Зулайхо муносибаташро ба тамом аз ӯ канд.
-Маро аз роҳ гардонида наметавонӣ.
-Бо ин рафторат туро ягон рӯз ҳабс мекунанд ва ман намехоҳам, ки рӯзе мардум бо ангушташон ба бачаҳои ман ишора намуда, падари инҳо дузд гӯянд.
Дар Черкисбозор ӯ амалиёти навбатиашро анҷом дода Маскавро тарк кард.
Лаҳзае пеш Зулайхоро дид. Ӯ ҳамон хел зебо, ҳарчанд дар либоси сиёҳ буд. Маълум мешавад, ки ба ҷанозаи амакаш омадааст, аз дил гузаронд ӯ ва қадаммониашро тезтар кард...
Посе аз шаб гузашта бошад ҳам, дар дафтари кории сарвари ШКД-и ноҳияи Сарчашма Дастам Қосим чароғ фурӯзон буд Сарвари милиса ҳамроҳи муовинаш Абдулло Мирзо ва сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Тоҳир Солеҳ сари парвандаи куштори собиқ старшинаи милиса Исроил Фотеҳ андешаронӣ доштанд.
Аз он ки дар парвандаи мазкур пешравие дида намешавад, аҷаб нест гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии ба ҷой ҳодиса сафарбаршуда ҳангоми азназаргузаронӣ ба хатое роҳ надода бошанд,-гуфт Абдулло Мирзо. -Нисбат ба парвандаи тафтишотӣ, ки дар истеҳсолоти муфаттиши прокуратура Соҳиб Хол қарор дорад, чизе гуфта наметавонам, вале дар парвандаи кофтуковӣ хатое ба назар намерасад. Ҳар он чӣ ки дар ин самт санҷиши муайянро тақозо мекард, дар асоси нақшаю чорабиниҳо амалӣ карда шудааст. Корҳои ҷустуҷӯӣ аз рӯй парвандаи мазкур дар се самт ба роҳ монда шудааст, ки самти асосии он муайян намудани шахсият, ҷой зист ва боздошти мичман Карими Кабир мебошад. Ба мо муяссар шуд, ки шахсияти мичманро муайян намоем.
Ҳамзамон моро лозим омад, ки аз рӯйи тақсимоти ҷуғрофӣ муайян намоем, ки дар мамлакат чанд минтақаи аҳолинишин номи Гулзорро дорад. Хушбахтона, маҳаллаҳои аҳолинишин бо чунин номи зебо аз се дар ду ҳиссаи ноҳияҳои мамлакат дида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё