Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Мо ҳафтод сол узви як оила будем, забон ва урфу одати ҳамдигарро омӯхтем ва гуноҳи халқ нест, ки чанд тан аз сиёсатмадорони бемағз дар беша, мефаҳмӣ дар бешаи Беловешенск пинҳонӣ давлатҳои славяниро аз дигар қавму миллатҳо ҷудо карданд ва бо ин васила чунин як давлати бузургеро пора-пора намуданд. Ин амали онҳо ҳамчун хатои таърихӣ асрҳо боқӣ хоҳад монд, вале аз хотир набарор, ки саҳми Кремл дар музокироти тоҷикон назаррас аст.
-Сиёсатмадор ҳам шудаӣ-ку?
-Ман шаҳрванди Русия нестам, ки аз ҳуқуқҳои сиёсии он истифода барам. вале то ҷое огоҳӣ дорам, демократия дар ин мамлакат дар сатҳи баланд қарор дорад ва ҳар шаҳрвандаш фикру ақидаи хешро бемалол баён карда метавонад ва маҳз афкори умум дар сохти давлатдорӣ ба назар гирифта мешавад...
Фарҳод ба хулосае омад, ки духтари холааш Суман тайи ин ду соли дар Русия будан хеле тағйир ёфтааст. Ҳамон Сумани хапак акнун дар баҳс даҳони ҳар ҷавонмардро хушк мекунад. Бо назардошти ин ҳолат Фарҳод хост мавзуи суҳбатро ба маҷрои дигар равона созад, бинобар ин пурсид;
-Зулайхо дар куҷо кор мекунад?
-Инаш ба ту чӣ лозим?
-Ӯ ба ман маъқул шуд.
-Зулайхо ба бисёриҳо писанд аст, вале ӯ на аз он нафаронест, ки худат гумон дорӣ.
-Ман ҳеҷ гумон накардам.
-Бисёр хуб, акунун ягон илоҷ намуда аз пайи ҷойи кор шав.
-Работа не волк, в лес неубежит.
-Модоме ки облаваро баҳона намуда омадӣ, пас андешаи падару модар ва додару хоҳаратро намуда, аз пайи кор шав!
-Ман ғуломи русҳо нестам.
-Ҳайфи ту барин ҷавонмард! - гуфт Суман ва аз ӯ ҷудо шуд.
Ҳафтае пас ӯ ба хонаи иҷоравии духтархолааш омад ва дар ҳамон ҷо аз наздик бо Зулайхо шинос шуд...

пешина
аз 441
навбатӣ