Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Аз русҳо
-Фарҳод, кас набояд нон хӯрда, ба намакдон туф кунад.
Бубин, ки дар ҳамин шароити душвор, дар шароите, ки қисме аз мардуми мо дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ фирори шуданд, ин мардум моро сарпаноҳ дода, бо кор таъмин намуданд.
-Мо барои онҳо аз ғуломе беш нестем.
-Аз куҷо гирифтӣ?
-Дирӯз худам дар Черкисбозор дидам, ки як гурӯҳ скинхедҳо бо калтаку оҳан мардуми сиёҳҷурдаро лату кӯб карданд.
-Магар аз рӯйи се чор “кайк” шуда, як миллати калонро гунаҳкор кардан аз рӯй инсоф аст?
-Агар давлат мебуд, магар ҷилави ҳамин бетартибиҳоро намегирифт?
-Тавба, “беэзор почакандаро хандидааст.”
-Мебинам, ту ҳам дар ин ҷо шарму ҳаёро пеши по задаӣ.
-Чӣ хел шарму ҳаёро пеши по задаам?
-Охир чунин гапҳои носазо мегуӣ.
-Гӯш кун, Фарҳод, чӣ хеле худи русҳо мегӯянд, “семя без уродов небывает” ва онҳоеро, ки худат дирӯз дар бозор дидӣ, то андозае доғи ҷомеаи шаҳрванди Русия ҳастанд, вале гумон накун, ки чунин гурӯҳҳо дар мо нестанд. Ҳамаи он гурӯҳҳое, ки ободиву шукуфоии кишварро намехоҳанд, ба андешаи ман чун ҳамин скинхедхои русанд. Скинхедҳо ин гурӯҳҳои хурде ҳастанд, ки идеяҳои фашистиро ҷонибдорӣ намуда, даъво доранд, ки Русия танҳо барои русҳост ва давлатро дар ин ҷода гунаҳкор кардан хуб нест. Мисли оне ки дар Ватани азизи мо мардум аз рӯй нофаҳмӣ ба даъвати баъзе маҳалгароён, ки дар талоши мансаб буданд, дода шуда, майдонбозиҳоро ташкил намуданд ва ду бародарро дар сангарҳо муқобили ҳам гузошта, оқибат оташи ҷанги шаҳрвандиро фурӯзон намуданд.
-Тайи ду соли дар ин ҷо буданат русҳо худатро ба робот табдил додаанд, ки дигар сафедиро аз сиёҳӣ фарқ намекуни.

пешина
аз 441
навбатӣ