Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Ҳамроҳи бачаҳои шинос дар Коломенски11 зиндагӣ дорам.
-Ҷойи кор чӣ?
- Ҳоло не.
- Агар ба мақсади кор омада бошӣ, ёфтани ҷой кор мушкил нест.
- Ягон ҷой нағзтар ёбам, беҳтар.
- Албатта, - гуфт Зулайхо ва бо Суману писархолааш, ки дар истгоҳ суҳбат доштанд худоҳофизӣ намуд.
- Дугонаи зебо доштаӣ.
- Ин фикрҳоро аз сарат дур кун. Падару модарат туро бо умеде ба ин ҷо фиристоданд, ки дастгирашон шавӣ.
- Баръакс, онҳо ба омаданам зид буданд.
-Пас чаро омадӣ?
-Дар он ҷо ҳар рӯз облава.
-Облавааш чист?
-Аз роҳ дастгир намуда, маҷбуран ба хизмат мефиристанд.
-Хайр ба армия мерафтӣ, охир ҳимояи Ватан ин шараф ва боз қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард аст ё ҳимояи Ватанро ҳам ба души занҳо гузоштаниед? - Занҳо ҳам ба Русия омадаанд ва мо дар он ҷо киро ҳимоя намоем?
-Ҳамин аст оини ҷавонмардии ту, аз ман шарм надоштӣ, аққалан аз Офаридгори бузург шарм дор, наход мард шуда аз ҳимояи Ватан, аз ҳимояи модару хоҳаронат гурезӣ. Ҳамчун хоҳар аз ту илтиҷо мекунам, ки дигар ин суханонатро дар ягон ҷо ба забон набиёр, вагарна нафрати атрофиёнро дар нисбати хеш меафзоӣ ва ин ҳама барои мард як фоҷиаест. Мо аз рӯзи хуш ба ин ҷо наомадаем, гирем ҳамин Зулайхоро. Ӯ аз рӯзи ногузар, аз надоштани маълумоти касбӣ ба ин ҷо омадааст, то пеши ҳар касу нокас сар паст накунад ва бо меҳнати ҳалол як луқмаи нонашро дарёбад ва боз ба хешу ақрабояш ҳам ёрӣ диҳад, - гуфт Суман калонгарона.
-Мо бошем, барои ҳимояи шумо омадем.
-Моро аз кӣ ҳимоя мекунед?
Минтақае дар шаҳри Москва.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё