Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Аз даҳонатон шамол барад, ин чӣ гапи гуфагиатон?
-Ба фикрам, мо бачаҳоро дуруст тарбия карда натавонистем.
-Химчаро дар ҷавониаш ...
-Гумон дорӣ, ки мо дар тарбияи бачаҳо дер мондем?
-Агар дар ҳақиқат аз Русия ба Фарҳод пул нафиристода бошанд, дер шуд...
-Худоё...
-Ана Фарҳод ҳам омада истодааст, - аз тиреза чашм наканда гуфт модар.
Лаҳзае пас Фарҳод вориди хона шуд ва падару модар мурофиаи суди оилавиро оғоз намуданд.
Новобаста аз ҳама ҷаҳду талошҳои айбдоркунандагон ба айбдоршаванда ин дафъа ҳам муяссар шуд, ки дараҷаи бегуноҳии хешро собит намояд...
Ӯ аз дур ҳам бошад, Зулайхоро шинохт, вале натавонист ба наздаш равад. Дигар вақт мешуд...
Зулайхо дар байни издиҳом, ки барои парвоз чипта мегирифтанд, бо сари хам навбат меистод. Пероҳани сиёҳи ҷавонзан худ ифодагари рӯзи сахти ба сараш омада буд.
Вай илоҷе намуда аз дохили бинои кассаҳои фурудгоҳ берун омад ва бори дигар аз паси оинаи шаффофи тиреза ба дохили бино чашм дӯхт. Ҷавонзан то ҳанӯз бо сари хам байни андешаҳои хеш дар навбат меистод.
Ҷавон аз зинаҳои пеши бино фаромада, саргарми андешаҳои хеш ба тарафи бозори Шоҳмансур қадам зад...
-Фарҳод шинос шав, ин кас Зулайхо.
Ӯ даст дода худро бори дигар муаррифӣ намуда гуфт: - Фарҳод.
-Зулайхо.
- Зулайхо, Фарҳод писари холаам,- гуфт Суман.
- Кай омадӣ?
-Як ҳафта шуд.
-Ҷойи зист ёфтӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё