Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пас чаро мо ба гапи ҳамсоя гӯш медодем, модоме ки дар китоби муқаддаси “Қуръони Маҷид” сеҳру ҷоду ва боварӣ ба онро мамнуъ эълон намудаанд.
-Ҳусноро мегӯяд, ки то ҳол ӯ рӯйи номаҳрамеро надидааст.
-Шояд чунин ҳам бошад, чунки ӯ дар чунин муҳит тарбия ёфтааст ва мо, ки авлоду асҳобамон дар ягон давру замон фаранҷӣ ба сар накардаанд, чӣ тавр метавонем ба ӯ баринҳо пайравӣ намоем. Эътиқод дар дил аст ва дили ҳар касро Худо медонад.
-Ҳамсоя одами бад нест.
-Медонам, вале ба хотири ӯ мо наметавонем аз урфу одатҳои авлоду аҷдодамон даст кашем ва моро ба ҷуз аз Худои мутаъол аз касе ҳам тарс нест.
-Аз чашми бад Худо худаш нигоҳ дорад.
-Омин!


Ронанда Зариф Комил, ки тайи даҳ рӯзи охир дар вилояти Бадахшон буд, ба хона баргашта, тағйироти зиёдеро дар хонадон мушоҳида кард. Ӯ дар тани ҳарду писараш нимпалтоҳои чармини сиёҳ ва дар гардани духтараш Лола - шаддаи ниҳоят зебоеро дида, аз ҳамсараш чӣ тавр ва аз куҷо пайдо шудани онҳоро пурсон шуд.
-Барои Фарҳод як духтари шиносаш аз Русия сесад доллар фиристодааст.
-Ному насабаш?
-Аз кӣ?
-Аз ҳамон духтари хайрхоҳ.
-Аз куҷо донам.
-Набошад Фарҳодро ҷеғ зан!
-Хуб шудааст, - гӯён зан аз пайи иҷрои супориши шавҳар рафт, вале лаҳзае пас баргашта, хабар дод, ки Фарҳод нест.
-Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки ҳодисаи нохуше ба сари хонадони мо хоҳад омад.

пешина
аз 441
навбатӣ