Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Мебинем,- гуфт мӯйсафед...
Расул баробари вориди хона шудани падар ӯро шинохт магар ки табассум кард Дар як табассуме, ки тифл ба падар ҳадя кард, ӯ тамоми хастагии хешро ба гӯшаи фаромушӣ дода, нишонаи зиндагиашро ба даст гирифт.
Чун Умеда Расулро ба дасти шавҳар дод, аз ҷой бархест.
-Мардак, имрӯз чӣ хел буд?
-Таъбаш хуш буд, - гуфт зан ва ба ошхона рафт.
-Ҳа, мардак, мебинам, ки имрӯз таъбат болида аст, - гӯён ӯ кӯдакро чанд маротиба болои сараш партофта алвонҷ дод ва тифлро ин кор хуш омад, ки табассуми бештаре кард.
Зан, ки дар ҳамин лаҳзаҳо аз ошхона баргашт, ҳаракатҳои падару писарро дида гуфт:
-Ту чӣ кор карда истодаӣ? О дар шаб кӯдакро боло партофтан убол аст.
-Инро аз куҷо гирифтӣ?
-Ҳамсоя гуфт.
-Ту бошӣ бовар кардӣ?
-Ҳамсоя аслан кӯдаки хешро ба касе нишон намедиҳад ва аз он ки ман Расулро аз касе пинҳон намекунам, ӯ ҳайрон мешавад. Мегӯяд, ки шумо мардум суқи чашмро намефаҳмед.
-Чӣ мардум кӯдакро надидаанд, ки кӯдаки вайро чашм мекарданд?
-Ман ҳам гуфтам, вале Ҳусноро мегӯяд, ки шумо мардум аз дину диёнат қафо мондагӣ.
-Дин ин ҷо чӣ дахл дорад?
-Ҳамсоя мегӯяд, ки касе ба дин эътиқоди бештар дорад, чашми бад тезтар ба вай мерасад.
-Мо, ки ба чашм кардан боварӣ надорем, ба андешаи ҳамсоя аз дин дурем, суханони ҳамсояро ҳамин хел фаҳмидан мумкин?
-Ба фикрам ҳамин хел.
-Дин ин эътиқод ба равияе аст ва пайравони ҳамаи равияю мазҳабҳо ба Офаридагори яккаву ягона эътиқод доранд ва аз рӯйи равияю мазҳаби хеш ба шаклҳои гуногун ба Офарандаи ягонаи коинот арҷ мегузоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё