Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Барои ин нафароне ҳастанд, ки давлат барои чунин амалҳояшон маош медиҳад. Аз хотир набарор, ки бачаҳои ҳамсоя ҳам барои мо фарзанданд.
-Рафту агар онҳо ба ягон ҷиноят даст зада бошанд-чӣ?
-Аз даҳонат шамол барад, чӣ тавр метавонӣ дар нисбати бачаҳои ҳамсоя чунин гумонҳои бадро дар замират ҷойи диҳӣ? Агар онҳо ягон хонаро ба яғмо мебурданд, албатта, овоза мешуд, вале ҳама хомӯшу сокит гаштаанд. Пас ин ҳама ташвиши ту беҳуда аст.
-Ҳатто гург дар маҳаллаҳои гирду атрофе, ки лона дорад, ба шикор намебарояд. Модоме ки ҳайвони даранда чунин рафтор мекунад, пас чаро ақли бачаҳои Зариф ба чунин амал нагирад? Аз рафторҳои ҳафтаи охирашон маълум, ки пули калону бедарди миён ёфтаанд. Фарбеҳиро танҳо гӯсфанд мебардорад ва нафаронеро мебинӣ, ки тайи миллион доллар доранд, вале рафторашонро дида, гумон мекунӣ, ки ҳама камбағаланд ва ба як луқмаи нон зор. Ин ҷо бошад, кару фари бачаҳои ҳамсояро дида, ангушти ҳайрат мегазӣ. Деҳқон, ки маст шуд, арзанро тирамоҳ кишт мекунад.
Ана ҳамин хел. Хуб мешуд сари ин масъала як бор майна об мекардӣ.
-Такрор ҳам шавад, боз туро огоҳ мекунам, ки аз хеши дур дида ҳамсояи наздик беҳтар ва дар нисбати бачаҳои ҳамсоя чунин андеша намудан хуб нест.
-Гирем ҳамон Фарҳодашро. Ҳамроҳи дигар бачаҳо ба Русия рафт. Аз он тараф ҳама бо маблағи муайяне омаданд, вале ӯ ду даст дари бинӣ омад. Онҳое, ки ҳамроҳаш буданд, нақл карданд, ки Фарҳод дар Русия ҳам дасташро ба оби хунук назадааст, мегуфтааст, ки ман ғуломи русҳо нестам. Пас суоле ба миён меояд, ки ӯ дар давоми ду соли дар он ҷо буданаш аз кадом ҳисоб зиндагӣ намудааст? Албатта, нафареро фиреб додааст ва ё ягон чизро дуздида, обу лой карда рӯз гузаронидааст. Агар чунин аст, ӯ дар қонуншиканӣ таҷрибаи калон андухтааст.
-Сафсата, ҳамааш сафсата, - эътироз намуд мӯйсафеди Қодир.
-Зинда бошем, мебинем.

пешина
аз 441
навбатӣ