Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Чӣ ҷой тарс, дидем ки нашуд, ба истеъфо меравем.
-Ин нишонаи ватандӯстӣ нест, рафиқ капитан.
-Пас чӣ бояд кард?
-Мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки худи ҷинояткорон имконияти “даву тоз” – ро наёфта ба истеъфо раванд.
-Кӯшиш мекунем.
-Доираи корҳои ҷустуҷӯиро васеътар намоед. Мавҷи интиқолдиҳандагони маводи мухаддир кайҳо аз соҳил баромадааст ва баъди истеъмоли шираи афюн ё хокаи он фикрҳои мухталифе оид ба “корнамоиҳо “ дар замири бархе аз онҳо пайдо мешавад. “Ободии куфр аз парешонии мост” гуфтагӣ барин хомӯшии моро дида, ҷинояткорон саманди хешро ба кадом самте хоҳанд қамчин мезананд.
-Агар шуморо, рафиқ полковник, дуруст фаҳмида бошам, қотилро бояд аз байни истеъмолкунандагони маводи мухаддир ҷустуҷӯ намоем.
-Худаш ҳам бояд ҳамин хел бошад. Ҳамзамон ба нақшаю чорабиниҳои иловагӣ аз рӯй парвандаи мазкур ҳамин ҳолатҳоро мавриди назар қарор диҳед!
-Итоат.
-Акнун ба ман номи он гули зебоеро гӯед, ки боиси ранҷу дарди мардум мегардад?
-Ин имтиҳон аст?
- Не, ҳамин хел аз мавзуъ дур нарафта.
-Дар ин бора ман чизе гуфта наметавонам. Аз гулҳо бошад, ба ман гули садбарг бештар писанд аст. Гул аслан хурсандӣ меоварад, на дарду ранҷ.
-Рафиқ капитан, афсӯс бар он мехӯрам, ки шумо аз нигоҳи мантиқ ба суоли мондашуда нигоҳ накардед. Агар каме ба ин масъала диққат медодед, “аз мавзуъ дур нарафта” ва гӯед, ки мо сари кадом мавзуъ суҳбат доштем?
-Сари маводи мухаддир. Акнун фаҳмидам, кӯкнор ҳам чун гули садбарг аст.
-Дуруст, маврид ба зикр омада, ки ҳодисаеро бароят кушода монам. Дар солҳои охири салтанати Ҳукумати Шӯравӣ он вақт ман лейтенанти калон будам, бандаро ба ҳайати гурӯҳе, ки ба ҷуз милисаҳо боз агрономҳо ҳам шомил буданд тариқи ҳавопаймо аз рӯй хабарҳои оперативӣ барои азназаргузаронии кӯҳу камари кишвар ва несту нобуд намудани қитъаҳои хурди кишти кӯкнор ва бангдонаҳо фиристоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё