Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хуш акнун мегуфтед, ки дар бораи мичман дирӯз чӣ хабарҳо гирифтед.
-Ба ҷуз оне ки дар хабарнома омадааст, дигар ҳеҷ.
-Барои дастгир кардани вай ҳаминаш ҳам кофист, вале бояд шуморо огоҳ намоям, ки ба ҷуз мо ӯро ҳамчун қотил Гриша Хуморов ҳам ҷустуҷӯ дорад.
-Медонам.
-Ҳа, кариб фаромӯш намуда будам, ки он хабари оперативиро шумо оварда будед. Ба ҳар ҳол он духтар кори хуб накардааст ё шумо дигар андеша доред?
-Кори хуб аст ё бад, чизе гуфта наметавонам, вале ӯ боварӣ дорад. ки мичман дар ҳодисаи ба сари амакаш омада даст надорад.
-Дарвоқеъ Некрӯз Низом моро огоҳ намуд, то аз тамоми воситаҳои дар ихтиёри милиса буда истифода барем ва нагузорем, ки Гриша Хуморов қотилро пеш аз мо дастгир намояд.
-Худаш ҳам ҳам ҳамин хел мешавад.
-Аз куҷо чунин худбоварӣ?
-Аз он ки собиқ судя дар мақомоти ҷустуҷӯӣ фаъолият накардааст ва дар ин ҷода таҷрибаи кофӣ надорад. Ҳарчанд ӯ чанд соле ҳам дар мақоми судягӣ қарор дошт.
-Дирӯз ҳамин ҳолатро дар ҳузури Некрӯз Низом ягон нафаре аз мо ба гӯшаи хотир ҳам наовард.
Дастам Қосим ба хабарномаҳои бар рӯӣ мизаш буда имзо гузошта гуфт, ки аз дунболаи як назария овора шуда гаштани моро сардори раёсати шаҳрӣ ҳам напазируфт.
Чун мичманро дарёбем ва ӯ бегуноҳ будани хешро собит карда тавонад, баҳри амалӣ намудани назарияҳои эҳтимоли талош хоҳем кард.
-Дигар парвандаҳо ҷустуҷӯӣ дар истеҳсолот доштаатонро низ ба гӯшаи фаромушӣ надиҳед. Манзуратон бод, ки рӯзи 27 октябр Некрӯз Низомро ба маҷлиси Ҳукумат даъват намуда, оид ба вазъи нобасомони шаҳр мавриди истинтоқ қарор доданд ва аҷаб нест, ҳар як парвандаи ҷустуҷӯи дар истеҳсолот доштаатонро, ки ба намак хобондаед, мавриди санҷиши махсус қарор надиҳанд.

пешина
аз 441
навбатӣ