Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Маллоҳро чун гумонбари асоси мо ҷустуҷӯ дорем ва дар ин самт аз рӯй дигар назарияҳо ҳам кор бурда истодаем.
    -Набошад, дар атрофи ин масъала ҳам корро ҷонноктар намоед. Аз рӯйӣ маълумотҳои оперативии ба дасти мо расида Фотеҳзода Зулайхои Валӣ барои ёфтани қотили амакаш ба Гриша Хуморов, ки дар байни олами ҷиноӣ нуфузи хеле баланд дорад, муроҷиат намудааст.
    -Мутаасифона, ҳамин хел аст.
    -Сабаби чунин амалро ҳам, албатта, дарк намудаед?
    -Бале.
    -Нисбати Хуморов Григории Хурамович (бо тахаллуси Гриша) дар РКД шаҳр ҳам баъзе маводҳо ҳаст. Омӯзиш ва таҳлили онҳо ифодакунандаи онанд, ки собиқ судя баъди аз маҳбас озод шуданаш роҳбарии гурӯҳҳои криминалиро ба душ гирифтааст. Ӯро гурӯҳҳои ҷинояткор “мири шаҳр” ва баъзан “раис” ном мебаранд. То кадом андоза Хуморов ба ин гурӯҳҳо наздик аст, мо намедонем, вале мақоми ӯ дар лагерҳои ислоҳи меҳнатӣ ниҳоят баланд будааст. Ӯ акнун гурги борондида аст ва кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки ҳавои болои сари онҳоеро, ки вайро барои порагириаш дастгир намудаву ба зиндон фиристодаанд, ҳамеша ғуборолуд нигоҳ дорад, вале осон нест гуноҳашро дайн намудан. Дар тарозуи вақт обурӯ ва эътибори мақомотҳои тафтишоти гузошта шудааст ва нагузоред, ки кадом як ҷинояткоре аз мо пешдастӣ карда, қотили собиқ старшинаи милисаро дастгир намояд!
    -Кӯшиш мекунем, рафиқ полковник.
    -Боз нашаваду...
    -Намешавад...

Субҳи рӯзи 29 октябр ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид хабарномаҳоро бо нишон додани ному насаб ва нишонаҳои зоҳирии мичман Карими Кабир барои имзо ба назди сарвари милиса бурд.
-Афсӯс шуморо, рафиқ капитан, дирӯз ба маҷлиси назди сардори раёсат даъват накардаанд, ва ин ҳам ба бахти худи шумо Дарвозӣ, вале дар он “маҳфил” чӣ гапҳо гузашт метавонед аз Тоҳир Солеҳ пурсед, ҳарчанд дар бораи норасоиҳо дар кор ӯро напурсиданд.

пешина
аз 441
навбатӣ