Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Шуморо фаҳмидам, рафиқ полковник ва ронанда Файзиев ҳам ҷавон нест, ки нафаҳмад. Мо ҳам медонем, ки Файзиев дар ин механизми бузург аз винти (мехи печдор) хурде беш нест ва ҳар нафаре, ки ҳастии хешро бо чунин механизми бузурги ҷинояткор мепайвандад, албатта, медонад, ки роҳи интихобнамудааш ӯро то ба куҷо мебарад ва аз ҳамин лиҳоз ӯ аз касе доманагир нашуда, гуноҳро пурра ба души хеш гирифт. Бояд зикр намоям, ки дар ин бозии қисмат новобаста аз он ки ҳар кас манфиати хешро дорад, боз қонуну қоидаҳои сахти нонавишта низ амал мекунанд, то ҳангоми шикасти амалиёт нафари ба дом афтида, аз дигар шариконаш дунболагирӣ накунад.
-Дастам Қосимович, чаро шумо ба даҳон об гирифта нишастаед ё дар ноҳияи шумо интиқоли маводи мухаддир нест?
Дастам Қосим аз ҷой бархеста, муддати на чандон зиёде сари андешаҳо дода шуд. Ҳарчанд ӯ дар ин ҷода нақшаю чорабиниҳои хешро дошт, вале аз ифшои он бинобар махфияти амалиёти ба нақшагирифта ва ба хотири ҳифзи саломатии нафаре, ки ба амалиёти мазкур ҷалб карда шуда буд, худдорӣ намуд. Охир ӯ наметавонист гӯяд, ки аз 5 август то ба ин лаҳзаҳо фиристодаи вай бо ному насаби Эрик Рура ихтиёран ба гурӯҳҳои нашъаҷаллоб ҳамкорӣ дорад ва онҳо барои ба нашъаҷаллобон зарба задан аз ӯ хабарро интизоранд.
- Хуш, ягон далеле баҳри ҳимояатон пеш оваред!
-Ин камбудии мост ва, албатта, баҳри ислоҳаш мекӯшем, рафиқ полковник.
-Майлаш инаш камбудӣ. Акнун мегуфтед, ки аз рӯйи ҳодисаи куштори собиқ старшинаи милиса Исроил Фотеҳ кадом корҳоро анҷом додед?
-Ҳамон маллоҳро кофта гаштем.
-Бисёр оҳиста-оҳиста мекобед, метарсам аз таги биниатон гузашта наравад ва оё месазад, ки дар чунин ҷинояти вазнин танҳо як назарияро, ки оқибаташ ҳам аён нест, дунболгирӣ намуд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё