Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Тайи чор моҳи дар сари қудрат будан ба ӯ муяссар нашуд, ки дигаргунии куллро дар мубориза алайҳи ҷинояту ҷинояткори ба даст оварад ва аз ин ҳолат истифода бурда ҷинояткорон бе ибо саманди хешро қамчин мезаданд.
Роҳзанӣ, дуздии моликияти давлатию ҷамъиятӣ, ғоратгарӣ, харид, фурӯш ва истеъмоли маводи мухаддир аз қабили он ҷиноятҳое буданд, ки ҳаррӯза дар ҳисоботи пагоҳирӯзӣ назди ӯ меоварданд. Ҳафтае пеш дар мошини мудири хоҷагии ёрирасони вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об норинҷаке таркид, ки аз даст ба террор задани гурӯҳҳои бе ҷазомонда хабар медод...
Бархилофи ҳама маҷлисҳои пешин ин дафъа сарвари милисаи шаҳр пурсишро аз худи даъватшудагон оғоз намуда, нисбат ба кору фаъолияти ҳар як баромадкунанда саволҳо дода, посухи аниқу дақиқро талаб мекард.
Суханронии сардори бахши мубориза алайҳи гардиши ғайриқонуни маводи мухаддири Раёсати шаҳрӣ оид ба бурду бош дар самти мазкур баробари он шуд, ки ба даҳони нафари дунёи фониро падруд гуфта истода калимаи “шаҳодат”-ро арза медорӣ.
Яъне шумо дар нисбати боздоштшуда маводҳои гирдовардаатонро ба бахши тафтишотӣ супурдед ва онҳо дар навбати хеш ба ронанда Файзиев айб эълон намуда, дар рӯзҳои наздик онро ба суд мефиристанд, хамин хел?
-Ҳамааш ҳамин хел, рафиқ полковник.
-Ба суд мефиристеду ҷонатон халос, дигар кунда мекафад ё ҷувоз, барои шумо фарқе надорад. Оё шумо ва боз мақомоти тафтишотӣ боре андеша накардед, ки чӣ тавр як ронандаи одӣ, ки қариб нони хӯрдан надорад, 22 кг героинро аз куҷо ва бо кадом маблағ дастрас намудааст. Ё гумон доред, ки нашъаҷаллобон барояш чунин миқдори маводи мухаддирро хайр намудаанд. Дирӯз дар маҷлиси Ҳукумат нисбати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори нигаронӣ намуда, маҳз ҳамин парвандаро мавриди баҳси доманадор қарор доданд. Ба ростӣ, ман чӣ гуфтанамро ҳам надонистам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё