Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Гурӯҳҳои хурди силоҳбадаст дар минтақаҳои гуногуни шаҳр шабона даст ба дуздию ғоратгарӣ зада, рӯзона сарпарастии нафарони дар интиқоли маводи мухаддир дастдоштаро ба душ доштанд. Албатта, дар амалҳои силоҳбадастони ба “бозиҳои” партизанӣ гузашта, баъзан ҷиноятҳои вазнин аз қабили расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ва маҳрум намудан аз ҳаёт низ дида мешуд. Чун талабот дар ин самт рӯз аз рӯз ҷонноктар мешуд, масъулини тартиботи ҷамъиятиро ба душдошта низ роҳҳои нав ба нави корро дар мубориза алайҳи гурӯҳҳои ҷинояткор ҷустуҷӯ намуда, баҳри бобарор анҷом додани амалиётҳои ба нақшагирифта машваратҳои корӣ анҷом медоданд. Маҳз ҳамин ҳолатҳо сабаб гардидаву субҳи 28 октябр бархе аз роҳбарони милиса ва сардорони бахшҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, кофтукови ҷиноятӣ ва тафтишотро ба ҳузури сардори РКД-и шаҳр даъват намуданд. Сардори РКД полковники милиса Некрӯз Низом, ки собиқаи беш аз бистсолаи кор дар милисаро дошт, чунин бенизомиро дар ёд надошт. Дирӯз ӯро ба маҷлиси Ҳукумат даъват намуда, сабаби авҷи ҷинояткориро дар шаҳр пурсон шуданд. Баҳри дифои хеш ӯ каломе ба забон наовард, нагуфт, ки ман ҳамаги чор моҳ дар ин вазифа кор карда истодаам, вале ба аҳли нишаст, ки ҳама аъзои Ҳукумат буданд, ваъда дод, ки дар самти мубориза алайҳи ҷинояткори РКД-и шаҳр як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст ва бо амалӣ намудани онҳо боварӣ дорад, ки фоизи кушодашавии ҷиноятҳои ноайён содиршуда ба маротиб паст мешавад...
Соли 1988 дар системаи ВКД СССР Раёсати мубориза ба муқобили ҷиноятҳои муташаккилро таъсис доданд, ки баъдтар он номи Раёсати шашуми ВКД – ро гирифт ва Некрӯз Низом яке аз аввалин кормандони ҳамин раёсат буд, ки то вазифаи муовини сардори ҳамин раёсат расид ва чор моҳ пеш ӯро ба вазифаи шахси аввал дар милисаи шаҳр таъин намуданд ва ана натиҷаи он ҳама бовариҳо...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё