Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Дуруст, ки напурсидам, вале ӯ худаш гуфт, ки нияти ба Гулзор рафтан дорад.

  • Чунин ном қариб дар ҳар минтақаи кишвар ҳаст, - изҳори нигаронӣ намуда гуфт корманди милиса.
    -Чӣ илоҷ, ки дар ин ҷода ба шумо ёрӣ дода наметавонам.
    -Ӯ бо шумо бо кадом намуди пул ҳисобӣ намуд?
    -Бо пули русӣ, ҳарчанд чунин амал ба манфиати пули миллӣ нест, вале он кас гуфтанд, ки имкони иваз намудани пулро наёфтааст. Барои ин магар ӯро аз меҳмонхона пеш мекардам?
    -Ман дар ин ҷо ягон қонуншиканиеро намебинам.
    -Ташаккур, ки бандаро дуруст фаҳмидед, вале ҳастанд нафароне, ки ҳамаи инро қонуншиканӣ арзёбӣ мекунанд.
    -Хуш монед, рафту лозим шудед, шуморо ҷеғ мезанем.
    -Шояд як пиёла чой?
    -Ташаккур, ягон вақти дигар, - гуфт ӯ ва аз ҷой бархест.
    Чун ба коргоҳ омад, ёрдамчии навбатдор ӯро ҳушдор сохт, ки тайи муддате, ки эшон дар идора набуд, Тоҳир Солеҳ чанд маротиба вайро пурсид.
    Ба ошёнаи дуюм баромада, ба назди сардори бахш даромада, аз натиҷаи корҳои дар давоми рӯз ба анҷомрасонидааш ҳисобот дод
    -Гуфтаниед, ки фоторобот дигар лозим нест?
  • Вақте ки мо ному насаби вайро медонем, дигар фоторобот чӣ лозим?
  • Чӣ илоҷ, модоме чунин мешуморед, пас ҳарчи тезтар аз пайи фиристодани хабарномаҳо шавед!
    -То фардо субҳ, албатта, ҳамаашро ҷо ба ҷо менамоям.

Вазъ дар мамлакат то андозае муътадил шуда буд ва рӯз аз рӯз талабот ба натиҷаи кори милиса бештар мегашт.
Дигар ҳолати омодабоширо дар фаъолияти корӣ баҳона намудану худ ва зердастонро бо ҳамин баҳона аз набудани натиҷаи корӣ эмин нигоҳ доштан имкон надошт. Албатта, то ҳанӯз гурӯҳҳои алоҳидаи мусаллаҳи ҷинояткор ба фармони сарвари мамлакат оиди халъи силоҳ аз паси панҷа нигоҳ мекарданд, вале мақомотҳои қудратӣ иҷрои фармони мазкурро ҳадафи аслии кори хеш қарор дода, дар ин самт ҷонбозиҳо мекарданд.

пешина
аз 441
навбатӣ