Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Намедонам, вале чун Толиб нисбати зотҳои гуногуни сагҳо маълумот гирд меоварад, ҳамеша таъкид мекунад, ки барои кори милиса аз овчаркаи немисӣ дида зоти беҳтаре нест, - гӯён соҳибхона меҳмонро ба нишастан таклиф намуд.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ акнун имконияти бештаре пайдо намуд, ки ба соҳибхона дурусттар назар афканад.
Соҳибхона зани тахминан панҷоҳсолаи тануманде буд, ки на камтар аз 80-90 кг вазн дошт. Аслан чунин занҳо аҳёнаҳён вомехӯранд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ӯ симои зебое дошт ва бе муҳобот ба шакли зоҳириаш эътибори зиёд медод.
Ниҳоят капитани милиса сари мақсад омад...
-Дар ёдам ҳаст гуфт,-Мерганова. -Маллоҳ ҷавони дар намуд 25-30-сола буда, тахминан соатҳои 2130 дақиқа ба меҳмонхона омад. Дар даст як борхалтаи миёнаи сафарии ҳамранги либосҳояш дошт.
-Рутбаашро пурсидед?
-Не, шояд рутбааш ҳам дар шаҳодатномаи хизматиаш навишта шуда буд, вале чун дар китоби қайди меҳмонон чунин “графаҳо” нест, мо кам ба ин тарафи масъала аҳамият медиҳем, вале дар хотирам ҳаст, ки дар погонҳояш ситорачаҳои хурд дошт, мисли погонҳои ҳамсояи дасти рости мо, танҳо бо фарқияте, ки погонҳои ӯ сиёҳ буданд.
-Ҳамсояатон чӣ рутба дорад?
-Бачаҳо ба вай рафиқ прапоршик гуфта муроҷиат мекунанд.
-Вақти аниқи ба меҳмонхона омадани маллоҳро намедонед?
-Вақти аниқаш дар китоби ба қайдгирии меҳмонҳо ҳаст, мо дар ин бора дастури муайян дорем.
-Оё гуфта наметавонед, ки маллоҳ то меҳмонхона бо чӣ намуди нақлиёт омад?
-Не.
-Ӯ кай меҳмонхонаро тарк кард?
-Соати шаши субҳ. Ӯ ба куҷое шитоб дошт.
-Ба кадом самт рафтанашро, напурсидед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё