Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-То ба ин ҷо омадан ман аввал дар меҳмонхона будам, вале ба он саволҳое, ки таваҷҷуҳи милисаро бедор намудааст, посух гирифта натавонистам...
Ниҳоят соҳибхона шояд вазъи ба вуқӯъпайвастаро дар тарозуи ақл баркашида фаҳмид, ки бо меҳмон дар пушти дар суҳбат намудан аз рӯйи одоб нест, ки гуфт:
-Марҳамат ба хона гузаред.
Чун ӯ таклифи соҳибхонаро пазируфту пой бар остона гузошт ва чашмаш ба “дурдонаҳои” дар девор овезони хонадон бархӯрд. Дар девори долони дарозрӯяи хона аксҳои калони сагҳо дар чорчӯбаҳои зарҳалин овезон карда шуда буданд. Аксҳо он қадар зиёд буданд, ки тааҷҷуби ҳар бинандаро бедор мекарданд. Дар як нигоҳ мавҷи андешаҳои капитани милиса боз ба дуриҳои дур парвоз намуда, дар ривояти Хоҷаи сагпараст аз китоби “Чор дарвеш” қарор гирифт.
Соҳибхона таваҷҷуҳи меҳмонро пай бурд магар, ки гуфт:
-Ин шуғли дӯстдоштаи писарам, ҳарчанд ӯро насиҳат намудем, нашуд, ки нашуд.
-Боке нест.
Дар ҳамин вақт аз хонаи шафат саги калону бадҳайбате ба тарафи ӯ омад. Саг сар то қадами ӯро бӯй кашидаю палмосида, думашро ҷунбондан гирифт. Бо ин амали хеш муҳофизи хона шояд ба соҳибаш фаҳмонида дод, ки бемалол метавонед ба ин меҳмони нохонда бовар намоед.
-Марҳамат ба меҳмонхона гузаред, - гуфт соҳибхона ва меҳмонро бовар кунонид, ки саг аз қабилаи “чао-чао” буда, бисёр зоти камёфт аст. Як шиносамон соле пеш онро аз Новокузнетск барои писарам туҳфа овард.
-Магар нигоҳ доштани саг дар ошёнаи панҷум душвор нест?
-Азбаски Толиб Тигрро (сагро чунин ном будааст), бисёр дӯст медорад, нигоҳубинаш душворие надорад.
-Ба фикри шумо чунин намуди сагҳоро дар корҳои ҷустуҷӯӣ истифода бурдан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё