Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Падар ҳатто ба рӯй фарзанди ба андешаи худаш осӣ нигоҳ накард ва боз ҳамон каломи бад, “Ман дар ҳарду дунё аз баҳри чунин фарзанд гузаштам”- ро ба забон овард.
Дили духтар баъди суханони падар, ки ин дафъа бо гӯши худ шунида буд, аз ҳама монд, аз олам ҳам ва аз одам ҳам. Хост худкушӣ кунад, вале дар ҳамон лаҳзаҳо барои амалӣ намудани мақсадаш чунин як муҳити муносибро пайдо карда натавонист, чунки авзои беҷои ӯро дида, духтарони амакаш лаҳзае он рӯз ӯро танҳо нагузоштанд, то мабодо ба ягон кори бад даст назанад. Ҳамсари амакаш, ки ниҳоят зани ҳалиму меҳрубон буд, пайваста ӯро насиҳат мекард, ки сабуриро аз даст надиҳад ва маҳз ҳамин зани рӯзгордида он рӯз бетобии ӯро баҳона кардаву Сорбони Ҳомидро, ки бо Зулайхо нияти суҳбат кардан дошт, аз санҷаки дар баргардонд ва ваъда дод, ки фардо ӯро худаш ба милиса мефиристад...
Ҳамсари амакаш вайро бовар кунонид, ки бе мададу дастгирии ӯ ба гумон аст қотилро ёфтан ва духтар низ акнун ҷӯёи қотили амакаш шуд. Ба андешаи ӯ қотил шиноси деринаи онҳост, вале ӯ кист Зулайхо ҳам намедонист...


Сорбони Ҳомид баъди баромадан ба майдончаи ошёнаи панҷум пушти дари рақами 18 нафасашро рост намуда, тугмачаи зангро пахш намуд.
Соҳибхона дарро кушода пурсид:
-Шуморо гӯш мекунам.
Нафари дар пушти дар буда шаҳодатномаи хизматиашро нишон дода мақсади ташрифашро ҳам баён намуд.
-Намедонам барои кадом гуноҳам манро ҷустуҷӯ доред?

  • пурсид соҳибхоназан, ки ҳаракатҳои минбаъдаи хешро ҳанӯз имкони дар тарозуи вақт гузоштан наёфта буд.
пешина
аз 441
навбатӣ