Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Аз хатои хеш хулоса барор, духтарам, ва тавре зиндагиатро ба роҳ мон, ки сад кас ҳавасатро хӯрад.
-Дар ин солҳои нобасомонӣ ман намехоҳам як умр сарбории зиндагии шумо бошам ва аз шумо, акаҷон, мепурсам, ки барои ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан ба ман рухсат диҳед, - хоҳиш кард Зулайхо баъди ду соли зиндагӣ дар хонаи амакаш.
-Ба Русия мардикорӣ, эй биё мон духтарам.
-Азми ман қатъист, акаҷон.
Исроил Фотеҳ муддате хомӯш монд ва шояд тайи ҳамон лаҳзаҳо ҳамаи тарафҳои корро дар тарозуи ақл баркашида гуфт:
-Ҳоло чизе гуфта наметавонам, вале ягон ҳафта пас боз сари ин масъала бармегардем.
-Майлаш ман сабр мекунам.
Дар давоми як ҳафта ба Исроил Фотеҳ муяссар шуд, ки бо собиқ писари ҳамкораш Маҳмаднабӣ Мӯсо, ки дар кумитаи шаҳрӣ оид ба корҳои муҳоҷират кору фаъолият дошт, вохӯрда, ба баъзе саволҳои хеш посух гирад. Маълум шуд, ки ҳамарӯза даҳҳо ҷавонон барои ба хориҷи кишвар рафтан ба кумитаи мазкур муроҷиат мекунанд, ки дар байни онҳо занону духтарон низ ҳастанд.
-Акаҷон. масъалаи рафтани ман чӣ шуд? - пурсид Зулайхо баъди як ҳафта.
-Шояд аз фикрат гардӣ, духтарам. Шукр як луқма нон ба ҳамаамон мерасад.
-Азми ман қатъист, акаҷон.
Чун Исроил Фотеҳ дид, ки намешавад, барои рафтани Зулайхо розигӣ дод ва се сол боз ӯ дар Русия ба қавле мардикорӣ карда, каму беш маблағ гирд овард, то барои хеш дар Ватан сарпаноҳе харидорӣ намояд, вале маҳз ҳамин маблағи зормонда сабаби ба ҳалокат расонидани амакаш гашт.
Баъди панҷ соли сарсониву саргардониҳо, ки ишқи аввал ба сараш оварда буд, ӯ падарро дар ҷанозаи амакаш дид.
Баъди ҷаноза, ҳангоме ки кулли мардуми ба ҷаноза омада рафтанд, зани амакаш ӯро ба назди падараш бурд. Шояд янгааш гумон дошт, ки дар чунин рӯзи мушкили ба сари оила омада падар аз гуноҳи духтараш мегузарад, вале ҳамааш аз бад бадтар шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё