Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди шунидани ин суханон Зулайхо ба беандешагӣ ва тақдири бадаш лаънат хонда, аз ҳуҷраи муваққатан ба иҷора гирифтаи Ҷӯраи Хоркаш баромада рафт.
Чун ду-се маротиба дар хонаи амакаш меҳмон шуда буд, баъди андешаҳои зиёде он ҷойро ҳамчун хонаи умед дар замираш пазируфт ва пеш аз намози шом ба дарвозаи ҳавлии амакаш ангушт зад...
-Кори хуб накардӣ, бачам, - саргузашти ҳузновари ӯро шунида гуфт амакаш.
Аз он чӣ ки амакаш барои ӯ сарпаноҳ дод, ба падараш хуш наомад ва Валӣ Фотеҳ баъди ин ҳодиса муносибати бе ин ҳам сардашро тамоман аз бародараш канд. Ҳарчанд Исроил Фотеҳ кӯшид, ба бародараш Валӣ фаҳмонад, ки “гӯштро аз нохун ҷудо карда намешавад,” вале падари Зулайхо нафаҳмид, ки нафаҳмид.
Новобаста аз он, ки амакаш қадри вайро аз духтарони хеш боло медонист, вале ӯ худро дар хонаи амак ноҳинҷор ҳис мекард. Ҳамаи инро амакаш, ки мӯйи сари хешро дар муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ сафед карда буд, ҳис мекард ва боре дар танҳоӣ ӯро ба назди хеш хонда гуфт:
-Духтарам Зулайхо, албатта, дар дунё ҳеҷ кас бе гуноҳ нест ва ман хеле афсӯс мехӯрам, ки падарат инро нафаҳмид.
Албатта, рӯзе мешаваду ӯ низ хатои хешро мефаҳмад. Ман аз он дар шигифтам, ки ту дар хонаи худ худатро бегона ҳис мекунӣ. Ин корат хуб не, духтарам, ё шояд ягон нафаре аз аҳли ин хонадон туро ранҷонда бошад?
-Ҳамааш хуб аст, акаҷон, ман на танҳо аз шумо, балки аз ҳамаи аҳли хонаводаатон миннатдорам, ки баъди он ҳама гуноҳҳои банда ҳамон бегоҳ дарвозаро ба рӯям набастед.
Акнун ин хона хонаи умеду орзуҳои ман низ ҳаст.
-Зулайхо, духтарам, дунё ҳамеша дар ҳаракат аст ва чархи гардун ҳам доимо яксон намонад. Аз ҳамин лиҳоз ғам хӯрдан лозим нест. Сар амон бошад, кулоҳ ноёб нест. Аз он чӣ ки дар лаҳзаи душвор писари Хоркаш туро дар нимароҳ монд, осмон ба замин омада нарасид. Боз аз ӯ беҳтарашро меёбӣ. Зиндагии ту дар дасти худи туст ва он чи ки ту як бор ба хато роҳ додӣ, ин маънои онро надорад, ки зиндагӣ ба охир расид.

пешина
аз 441
навбатӣ